Имрӯз дар Москва ҷаласаи Шӯрои намояндагони доимии ИДМ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 25.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 25 феврал дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск ҷаласаи Шӯрои намояндагони доимии салоҳиятдори давлатҳои аъзои Иттиҳод дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод доир мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Дар ҷаласа раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ — Сергей Лебедев ширкат менамояд.
Дар рӯзномаи маҷлис шаш масъала ворид шудааст. Намояндаҳои доимӣ иҷрои чорабиниҳои бахшида ба Соли китобро дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷамъбаст намуда, пешниҳодҳоро оид ба лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ, ки 29 май дар Тошканд баргузор мешавад, баррасӣ месозанд.
Аъзои Шӯрои намояндагони доимӣ ҳамчунин пешниҳоди Россияро дар бораи баргузории ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба таъсиси Комиссияи ҳуқуқи инсони ИДМ баррасӣ карда, ташаккул ва иҷрои буҷети ягонаи мақомоти Иттиҳодро мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод.
Илова ба ин, дар ҷаласа қабули лоиҳаи рӯзномаи маҷлиси муштараки Шӯрои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии Шӯрои ваколатдори доимӣ, баррасии омодагӣ ба поягузории тантанавӣ ва ифтитоҳи гулгашти Дӯстии давлатҳои аъзои ИДМ ба муносибати 75 –солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар акс: Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беларус, намояндаи салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти ваколатдор ва дигар мақомоти ИДМ Маҳмадшариф Ҳақдод.








Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид






