ИНТИХОБОТ-2020: Наздики 100 нафар нозирони байналмилалӣ аз ИДМ ҷараёни баргузории интихоботи вакилони парлумонро дар Тоҷикистон мушоҳида мекунанд
ДУШАНБЕ, 10.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷараёни баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ наздики 100 нафар нозири байналмилалӣ мушоҳида мекунанд»,-чунин иброз намуд роҳбари миссияи мушоҳидони ин созмон, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Агибай СМАГУЛОВ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ.
«Дар доираи сафар мо бо намояндагони баъзе аз вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда, аз ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ дидан менамоем. Ҷараёни омодагиҳо дар ҳавзаю участкаҳои интихоботӣ ва корҳои тарғиботию ташвиқотиро назорат мекунем. Изҳори боварӣ менамоем, ки интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ дар фазои орому осуда баргузор мегардад ва ба рушду нумуи минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд»,-хулоса намуд Агибай Смагулов.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» навишт, Агибай Смагулов – дипломатии маъруф ва мутахассиси соҳаи байналмилалист, ки забони тоҷикиро хуб медонад, қаблан дар Қазоқистон, Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон кор кардааст, дар Қӯшунҳои сарҳадии собиқ ИҶШС ба ҳайси афсар хидмат намуда, дорои рутбаи Сафири фавқулода ва мухтор ва муаллифи се китоб мебошад.
Бояд гуфт, ки ҷиҳати таъмини шаффофият ва мушоҳидаи ошкорои давраи омодагӣ ва баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 5 феврали соли равон 36 нафар мушоҳидони байналмилалиро аккредитатсия намудааст. Ин мушоҳидони байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҷумҳурии Беларус ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон мебошанд.
Аккредитатсияи дигар мушоҳидони байналмилалӣ идома дорад.
Мавриди зикр аст, ки мутобиқи талаботи конунгузории интихобот мушоҳидони байналмилалӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳимояи давлат мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор созмонҳои байналмилалӣ барои иштироки мушоҳидон даъватнома фиристода буд.
Дар назар аст, ки ҷараёни баргузории ин маъракаи сиёсиро мушоҳидони байналмилалӣ, аз ҷумла аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон мушоҳида кунанд.








Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд
Ҷаласаи навбатии кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занони Маҷлиси миллӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






