ИНТИХОБОТ-2020: Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода имрӯз бо сарвари миссияи мушоҳидони ИДМ Агибай Смагулов мулоқот намуд

Февраль 10, 2020 13:15

ДУШАНБЕ, 10.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ Бахтиёр Худоёрзода  бо  сарвари миссияи мушоҳидони ИДМ, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Агибай Смагулов ва муовини ӯ,   мушовири Кумитаи иҷроияи ИДМ Олег Кулеба мулоқот намуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иттилоъ медиҳад, мулоқот дар доираи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 ба 1 марти соли 2020 таъйин гардидааст, доир карда шуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи интихобот, омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйиру иловаҳое, ки ба қонунгузории интихоботӣ ворид гардидаанд, ҳамкории мутақобилаи КМИР ва ифтитоҳи Миссияи мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ бо роҳбари миссияи мушоҳидони ИДМ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи   ин созмон Агибай Смагулов ва мушовири КИ ИДМ Олег Кулеба табодули назар карданд.

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода оид ба чорабиниҳои омодагӣ ба интихобот, ки аз ҷониби Комиссия бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил намудани интихоботи вакилони халқи дарпешистода амалӣ гардиданд, маълумот дод.

Аз ҷумла зикр гардид, ки то имрӯз Комиссия дар доираи талаботи қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва  Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тамоми чорабиниҳои вобаста ба омодагӣ ва баргузории интихоботи Маҷлиси Олиро саривақт амалӣ карда, ба тамоми иштирокчиёни раванди интихобот шароити баробар муҳайё намудааст.

Дар хотимаи ҷаласа Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ Бахтиёр Худоёрзода ба Агибай Смагулов ва Олег Кулеба шаҳодатномаҳои мушоҳиди байналмилалиро супорид.

Агибай Смагулов – дипломатии маъруф ва  мутахассиси соҳаи байналмилалист, ки забони тоҷикиро хуб медонад, қаблан дар Қазоқистон, Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон кор кардааст, дар Қӯшунҳои сарҳадии собиқ ИҶШС ба ҳайси афсар хидмат намуда, дорои рутбаи Сафири фавқулода ва мухтор ва муаллифи се китоб мебошад. Олег Кулеба бошад ба ҳайси мушовири КИ ИДМ кор мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 7 феврал АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ дода буд, ки 10 феврал ҳайати мушоҳидони Кумитаи иҷроияи ИДМ мушоҳидаи  ҷараёни омодагӣ ва  баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оғоз менамоянд.

 

Февраль 10, 2020 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

26 сентябр Рӯзи Маҷлиси Олӣ — парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст
Дар Сеул ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея муҳокима гардид
Раиси Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи махсус оид ба ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея иштирок намуд
Маҳмадтоир Зокирзода: «Тоҷикистон ба ҷалби имконоти сармоягузории Корея ба бахшҳои гуногуни иқтисодӣ манфиатдор мебошад»
Маҳмадтоир Зокирзода дар Конфронси якуми раисони парлумонҳои давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» иштирок менамояд
Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Туркманистон рушд меёбанд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Кӯшониён вакили мардумӣ бо интихобкунандагон мулоқот намуд
Дар Маҷлиси намояндагон ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ботантана таҷлил гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо кормандони неругоҳи «Бойғозӣ» оид ба 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ суҳбат намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқот намуд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагони шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ намуд