Иштироки ширкатҳои Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул
ДУШАНБЕ, 26.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Панҷ корхонаи ресандагии ватанӣ -«Ваҳдат», «Ресандаи Қурғонтеппа», «Спитамен Текстайлз», «Файзи Истиқлол» ва «ХИМА Текстил» риштаи пахтагини Тоҷикистонро маротибаи нуҳум аст, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул, ки аз 27 то 29 феврали соли 2020 дар пойтахти тиҷории Туркия баргузор мегардад, ба доираи васеи харидорони байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.
Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул мизбони беш аз 8000 нафар боздидкунанда аз тақрибан 80 кишвари ҷаҳон буда, пешсафони соҳаро, ки бозори байналмилалии риштаро муайян мекунанд, гирд меорад. Дар он, ки ҳамчун «қалби саноати ришта дар АвруОсиё» шуҳрат ёфтааст, нахи пахта, ришта, таҷҳизоти нассоҷию дӯзандагӣ ва маҳсулоти нассоҷиро ба маърази намоиш мегузоранд. Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Истанбул имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байналмилалӣ, махсусан ба харидорони эҳтимолӣ аз Туркия ва кишварҳои дигар намоиш бидиҳанд.
Аъзои ҳайати Тоҷикистон мутмаинанд, ки иштирок дар ин намоишгоҳ имкониятҳои навро барояшон боз мекунад.
Муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқҷон Рустамӣ мегӯяд, ки «намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул ба ширкатҳои ресандагии Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, то бо истеҳсолкунандагони пештози маҳсулоти нассоҷӣ аз минтақа вохӯранд, бренди худро дар бозори минтақавӣ тақвият диҳанд, бо ширкатҳои истеҳсолӣ, воридотӣ ва тоҷирон робита барқарор кунанд, бо талаботу интизориҳои бозор ва равандҳои ҷорӣ дар он шинос шуда, барои худ маҳсулоти нав ва навовариҳоро кашф кунанд».
Боздид аз Намоишгоҳи Истанбул дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)-и Маркази тиҷорати байналмилалӣ баргузор шуда, аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мегардад. Ин ибтикор дар ҳамкории наздик бо лоиҳаи «Ба сӯи рушди фарогири деҳот ва суботи иқтисодӣ» амалӣ мешавад. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин сафар намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ва ширкатҳои маҳаллии консалтингии ҳамкори Маркази тиҷорати байналмилалӣ – «ACT Development Group» ва «Business Consulting Group» роҳбаладӣ мекунанд.
Иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ имконияти хуберо барои ширкатҳои ҳамкор фароҳам меорад, то тавассути дарёфти тамосҳои нави тиҷоратӣ ва маълумот доир ба таҷҳизоти замонавӣ ва талаботи бозорҳои ҷаҳонӣ дар бозорҳои беруна рақобатпазиртар гарданд.








Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд






