КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Мақом ва ваколатҳои мушоҳидони миллӣ» семинари омӯзишӣ доир намуд

Февраль 27, 2020 13:50

ДУШАНБЕ, 27.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» бо иштироки мушоҳидони миллӣ аз ҲХДТ барои баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар мавзӯи  «Мақом ва ваколатҳои мушоҳидони миллӣ» семинари омӯзишӣ доир гардид. Дар он роҳбари дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонов, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, кормандони сохторҳои ҳизбии пойтахт ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Зоир Раҳмонзода зикр кард, ки дар умум 572 нафар мушоҳидони миллӣ ҳастанд ва мақсад аз баргузор намудани чунин семинарҳо баланд бардоштани фаҳмишу малака ва ташаккули ҷаҳонбинии сиёсии мушоҳидони миллӣ мебошад.

«Ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо ва дигар намояндагони вакилони маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, ҳуқуқ доранд тибқи тартиби муқарраргардида рӯйхати мушоҳидони миллиро ба комиссияҳои  дахлдори ҳавзавии интихобот барои бақайдгирӣ пешниҳод намоянд»,-афзуд З.Раҳмонзода.

Мушоҳидони миллӣ дар рӯзи интихобот дар биноҳои овоздиҳӣ ҷараёни интихоботро мушоҳида мекунанд. Фаъолияти мушоҳидони миллӣ баъди бо қарори  комиссияҳои дахлдори ҳавзавии интихобот тасдиқ гардидани  рӯйхати онҳо оғоз ёфта, пас аз эълон гардидани натиҷаи пешакии интихобот қатъ мегардад.

Дар фарҷоми семинари омӯзишӣ миёни иштирокчиён ва мутасаддиёни семинар мубодилаи афкор сурат гирифт.

Февраль 27, 2020 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид