Коршинос аз Германия ба ислоҳот ва имтиёзҳо дар соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дод

Февраль 13, 2020 09:45

ДУШАНБЕ, 13.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Коршиноси соҳаи сайёҳӣ аз Ҷумҳурии Федеративии Германия Курт Ҳайнт Рейтс дирӯз зимни мулоқот бо Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ба ислоҳот ва имтиёзҳо дар соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, дар татбиқи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ҳамкорӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот Ширин Амонзода меҳмонро бо сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуда, аз дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди сайёҳӣ ҳамчун самти ояндадори иқтисоди миллӣ маълумот дод. Зикр намуд, ки Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардида, нақшаҳои амали он фарогири масоили рушди сайёҳӣ мебошанд.

Курт Ҳайнт Рейтс таҷрибаи бисёрҷанбаи соҳавии рушди муваффақонаи сайёҳӣ дар кишварҳои Мексика (эко-туризм), Булғористон (омодасозии мутахассисон), Ӯзбекистон (коркарди маҳсулоти сайёҳӣ), Лаос (беҳтаргардонии сайёҳӣ ва маркетинг), Қирғизистон ва Гурҷистон дорад.

Айни замон коршиноси немис бо даъвати ширкати сайёҳии ватанӣ “Go Travel Tajikistan” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Интизор меравад, ки дар доираи сафари кории коршиноси немис бо иштироки донишҷӯёни бахшҳои сайёҳии мактабҳои олии мамлакат,  туроператорон ва доираҳои соҳибкорӣ силсиламулоқот анҷом дода шаванд.

Февраль 13, 2020 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст