Лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» ба 431 зан барои ташкили фаъолият кумак кард

Февраль 7, 2020 08:40

ДУШАНБЕ, 07.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи тиҷоратикунонии  соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби маблағҳои  грантии Ассотсиатсияи байналмилалии рушд бо мақсади дастгирӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушд ва баланд бардоштани  сатҳи некуаҳволии аҳолӣ таҳия гардидааст. Ин нуктаро 6 феврал зимни нишасти матбуотӣ мушовири Лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ»-и Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Боймурод Қурбонов ба хабарнигорон иброз намуд.

Зикр гардид, ки  яке аз вазифаҳои асосии лоиҳа- ин иштироки кишоварзон бо маҳсулоти ватанӣ  дар намоишгоҳҳои  байналмилалӣ мебошад. Ҳадафи лоиҳаи мазкур   баланд бардоштани  сатҳи тиҷоратикунонии хоҷагиҳои фермерӣ, маҳсулоти агроистеҳсолӣ ва дастгирии рушди корхонаҳои  хурд ва миёна дар  сатҳи деҳот  тавассути васеъгардонии имконоти дастрасӣ  ба маблағгузорӣ ва мустаҳкам кардани иқтидори манфиатгирандагон мебошад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки соли 2019 42 шартномаи барномаи грантӣ ба имзо расидааст. Шумораи манфиатбарандагон 1051 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 431 нафарашон занон мебошанд.

Муовини директори Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» Ҳусейн Каримов иброз намуд, ки «оид ба дастгирӣ ва такмилдиҳии барномаҳо дар соҳаи кишоварзӣ муассиса бо Донишгоҳи Генти Шоҳигарии Белгия шартнома ба имзо расонидааст. Инчунин онҳо лоиҳаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва ду коллеҷи аграриро  дар самти такмил додани барномаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани малакаи омӯзгорон дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Ғарб дастгирӣ менамоянд».

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2019 ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ ва Бохтар ба Донишгоҳи Генти Шоҳигарии Белгия сафар намуданд. Онҳо дар курси омӯзишӣ ширкат намуда, соҳиби серфитикати байналмилалии Донишгоҳи номбурда гардиданд.

 

Февраль 7, 2020 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст