Мақомоти гумрук: «Ба Тоҷикистон аз Чин маҳсулоти хӯрокворӣ ворид намегардад»
ДУШАНБЕ, 13.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Ба Тоҷикистон аз Чин маҳсулоти хӯрокворӣ ворид намегардад. Моҳи феврали соли равон ба Тоҷикистон аз Чин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51 нақлиёт камтар мол ворид шудааст. Мақомоти гумруки Тоҷикистон омили кам ворид гардидани молу маҳсулотро аз Чин ба Тоҷикистон ба маҳдудиятҳое, ки ҷониби Чин дар иртибот ба хуруҷи коронавирус гузоштааст, рабт медиҳанд.
Муовини аввали Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода 12 феврал дар нишасти матбуотии мақомоти гумрук изҳор дошт, ки барои воридоти мол аз Чин Тоҷикистон маҳдудият ҷорӣ накардааст ва хуруҷи коронавирус ба гардиши мол байни ду давлати ҳамҷавор таъсири ҷиддӣ нагузоштааст.
Азим Турсунзода мегӯяд, бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ситод фаъолият дорад. Ситоди мазкур ба масъулини тамоми вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла мақомоти гумрук дастур додааст, ки назорати ҷиддиро ҳангоми ворид гардидани молу маҳсулот дар сарҳади гумрукӣ ва ташхиси он аз сӯи мақомоти марбута пурзӯр гардонанд.
Тибқи омори гумрукӣ, соли сипаригардида табодули мол байни ду ҳамсоядавлат- Тоҷикистон ва Чин беш аз 660 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки зиёда аз 55 миллион доллар ба содирот ва беш аз 605 миллион доллар ба воридот рост меояд. Танҳо давоми соли равон аз Тоҷикистон ба Чин ба маблағи 5,8 миллион доллар молу маҳсулот содирот гардида, молу маҳсулоте, ки аз Чин ба Тоҷикистон воридот гардидаанд, 76,1 миллион долларро ташкил медиҳанд.
Ин омор дар ҳолест, ки Чин дар радифи Россия ва Қазоқистон яке аз шарикони асосии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ба Тоҷикистон аз Чин асосан таҷҳизоту технологияҳо, таҷҳизоту асбобҳои барқӣ, маводи сохтмонӣ ва дигар молҳои мавриди ниёзи мардум ворид гардида, Тоҷикистон ба Чин асосан пахта ва маҳсулоти пахтагӣ, маҳсулоти тамоку, мева ва шарбати он, маъдан ва консентратҳо, пӯст, мармар ва ғайра содирот менамояд.








Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст






