Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои иштирок дар озмуни бурсияҳои таҳсилии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар соли таҳсили 2020-2021-ро эълон медорад
ДУШАНБЕ, 05.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабон мерасонад, ки қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои иштирок дар озмуни бурсияҳои таҳсилии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар соли таҳсили 2020-2021 аз рӯи зинаҳои бакалавр, магистр ва доктор PhD оғоз гардидааст.
Ҳуҷҷатҳои лозима:
1) Маълумотнома (дар Марказ пешниҳод мегардад);
2) Ҳуҷҷати давлатии хатми муассисаи таълимӣ;
3) Маълумотномаи тиббӣ (аз ҷумла ВИЧ/СПИД ва Гепатит В ва С);
4) СV ё резюме;
5) Мактуби тавсиявӣ (мотивационное и сопроводительное письмо);
6) Сертификати забони англисӣ барои бакалавр ILTS 5 / TOEFL 40 , барои магистрон ва доктор PhD ILTS 5.5 / TOEFL 50.
Барои номнавис шудан, хоҳишмандон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» (ш. Душанбе, кӯчаи М. Турсунзода 47) муроҷиат намоянд.
Телефонҳо барои тамос: 223-23-59








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






