Маркази миллии тестӣ: имрӯз вохӯриҳои кормандон бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ шурӯъ гардиданд
ДУШАНБЕ, 03.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 3 феврал то 6 марти соли равон тибқи нақшаи фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯриҳои кормандони Марказ бо хатмкунандагон, падару модари довталабон, омӯзгорон ва алоқамандони дигари низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ баргузор мегарданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Маркази миллии тестӣ иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, Маркази миллии тестӣ ба нақша гирифтааст, ки дар 3642 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯрии таблиғгарони сатҳи ҷумҳуриро доир намояд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ин вохӯриҳо зиёда аз 150 000 нафар хатмкунанда иштирок меварзанд.
Инчунин барои ташкилу баргузории вохӯриҳо 33 нафар корманди Марказ ба 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ сафарбар карда мешаванд. Тибқи нақша, давоми як ҳафтаи аввал кормандони Марказ дар 181 муассисаи таълимӣ дар вохӯриҳо аҳли ҷомеаро бо низоми ИМД шинос мекунанд.
Дар баробари ин, кормандони Марказ ҳангоми сафари хизматӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади шиносоӣ пайдо кардани кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо онҳо суҳбат ороста, маводи иттилоотӣ, аз ҷумла дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» ва маҷмӯаи саволу масъалаҳои тестиро пешниҳод менамоянд.
Барои огоҳ гаштани аҳли ҷомеа дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз низоми ИМД, инчунин аз тарафи Марказ маводи иттилоотию методӣ ба китобхонаҳо тақдим карда мешаванд, ки зиёда аз 600 маҷмӯаро дар бар мегиранд.
Ба довталабон ва алоқамандони дигари низоми ИМД тавсия дода мешавад, ки дар вохӯриҳои кормандони Марказ ва курсҳои шиносоӣ бо низоми номбурда ширкат намоянд.








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






