Муҳриддин Низомӣ: «Артиши миллии мо ба сохтори муташаккилу боэътимод ва неруи қодир ба ҳимояи давлат табдил ёфтааст»
ДУШАНБЕ 21.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 27-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 феврал дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид. Дар он ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва беш аз 100 нафар афсарону сарбозон иштирок намуданд. Дар ин бора аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ректори Донишкада Муҳриддин Низомӣ зикр намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсис дар назди худ вазифаҳои муқаддасу пуршараф – ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеаро гузоштааст.
«Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ замоне таъсис ёфтанд, ки Тоҷикистон бар асари фитнаву дасисаҳои душманони миллати тоҷик ба гирдоби мухолифатҳои шадиди сиёсӣ кашида шуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвор ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардондани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо намуданд»,- гуфт ректор.
Ҳамчунин номбурда изҳор намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии мамлакат, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардондани шароити моддӣ – техникӣ ва хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Ин аст, ки имрӯз Артиши миллии мо ба як сохтори муташаккилу боэътимод ва неруи қодир ба ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон табдил ёфтааст»,- гуфт ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Муҳриддин Низомӣ.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 26 декабри соли 2019 иброз доштанд, ки «мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатамон эътимоди комил дорем ва медонем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя мекунанд
Дар ҳамоиш барномаи ҷолиби консертӣ бо прологи пурмазмун аз рӯи достони «Сурӯши Сталинград»-и Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат намоиш дода шуд. Донишҷӯёни донишкада бо рақсу сурудҳо дар васфи Ватан, Модар ва Истиқлолият хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.










Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид






