Муҳриддин Низомӣ: «Артиши миллии мо ба сохтори муташаккилу боэътимод ва неруи қодир ба ҳимояи давлат табдил ёфтааст»

Февраль 21, 2020 14:10

ДУШАНБЕ 21.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 27-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 феврал дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон  ба номи Мирзо Турсунзода»  ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид. Дар он ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва беш аз 100 нафар афсарону сарбозон иштирок намуданд. Дар ин бора аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ректори Донишкада Муҳриддин Низомӣ  зикр намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсис дар назди худ вазифаҳои муқаддасу пуршараф – ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеаро гузоштааст.

«Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ замоне таъсис ёфтанд, ки Тоҷикистон бар асари фитнаву дасисаҳои душманони миллати тоҷик ба гирдоби мухолифатҳои шадиди сиёсӣ кашида шуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвор ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардондани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо намуданд»,- гуфт ректор.

Ҳамчунин номбурда изҳор намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии мамлакат, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардондани шароити моддӣ – техникӣ ва хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Ин аст, ки имрӯз Артиши миллии мо ба як сохтори муташаккилу боэътимод ва неруи қодир ба ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон табдил ёфтааст»,- гуфт ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Муҳриддин Низомӣ.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 26 декабри соли 2019 иброз доштанд, ки «мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатамон эътимоди комил дорем ва медонем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя мекунанд

Дар ҳамоиш барномаи ҷолиби консертӣ бо прологи пурмазмун аз рӯи достони «Сурӯши Сталинград»-и Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат намоиш дода шуд.  Донишҷӯёни донишкада бо рақсу сурудҳо дар васфи Ватан, Модар ва Истиқлолият хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.

Февраль 21, 2020 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст