Муовини Сарвазири Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар оғози кишти пунбадона дар ноҳияи Дӯстӣ иштирок кард
ДУШАНБЕ, 26.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. 25 феврал дар 25 гектар замини ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти «Нури Вахш», «Деҳқонобод» ва «Ҷиликӯл»-и ноҳияи Дӯсти кишти пунбадона дар зери плёнка шурӯъ гардид. Дар оғози кишти пунбадона муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Вазири кишоварзӣ Амонулло Салимзода, Раиси Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон ва роҳбарони хоҷагию деҳқонон иштирок намуданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ноҳияи Дӯстӣ имсол дар 7 ҳазору 74 гектар кишти чигит гузаронида мешавад. Аз ҷумла, аз тарафи ширкати «Ҷунтай Хатлон Син-Силу» дар беш аз 2 ҳазор гектар кишти зери плёнка гузаронида мешавад.
Зимни боздид аз ҷараёни кишти пунбадона масъулини ширкати «Ҷунтай Хатлон Син – Силу» ба муовини Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки имсол аз навъи тухмии «Синзиян-39» истифода намуданд, зеро ин навъи тухмӣ ба иқлим ва хоки мавзеи Гароутии ноҳияи Дӯстӣ мувофиқ мебошад. Инчунин 14 адад тухмипошакҳо омодаи кор буда, дар як рӯз дар 9-10 гектар пунбадона кишт мекунанд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки ширкати мазкур беш аз ҳазор тонна тухмии хушсифати навъи «Ҷиликӯл» захира дошта, барои кишти ин навъи тухмӣ бо хоҷагиҳои пахтакори ҳудуди вилояти Хатлон ҳамкорӣ ба роҳ мемонад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш 26 декабри соли 2019 ба масъулини Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати зиёд кардани кишти зироат, ташкили гармхонаву сардхонаҳо ва беҳтар таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватании аз лиҳози экологӣ тоза, коркарди маҳсулоти соҳа ва афзоиш додани ҳаҷми содирот супориш доданд.
Хамчунин масъулин зимни сафари корӣ аз ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва изофа намудани оби зарурӣ барои пойгоҳҳои обрасонӣ дар мавзеи Гароутии ноҳияи Дӯстӣ дидан намуд. Зеро дар мавзеи Гароутӣ 9 ҳазору 270 гектар замин бо оби техникӣ таъмин карда мешаванд.








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад






