Мутахассисони Маркази тадқиқоти стратегӣ донишу малакаи худро дар Чину Ҳиндустон такмил доданд

Февраль 7, 2020 10:22

ДУШАНБЕ, 07.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва минтақавӣ ҳамчун стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули низоми миллии баҳогузории индикативии амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзӯъҳое мебошанд, ки соли гузашта кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон (МТС) доир ба онҳо таҳқиқот гузаронидаанд. Тавсеаи ҳамкории МТС  бо дигар ниҳодҳои таҳлилии кишварҳои хориҷӣ дар ҳолест, ки  соли сипаригардида бархе аз кормандони Марказ дар курсҳои такмили ихтисос дар давлатҳои   Қазоқистон, Қирғизистон,  Ҳиндустон ва Чин савияи донишу малакаи худро такмил доданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ бо натиҷагирӣ аз фаъолияти зарфи як сол анҷомдодаи кормандону мутахассисони Марказ, ки  яке аз марказҳои таҳлилӣ ва машваратии мамлакат маҳсуб мешавад, имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки кормандони МТС  бо мақсади амалишавии сиёсати давлатӣ, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи стратегияҳои давлатӣ ва МТС такмили механизми сиёсати дохилию хориҷии давлат фаъолият  намуда,  ба як зумра дастовардҳо ноил гардиданд.

Роҳбарият ва мутахассисони  Марказ дар гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ, комиссияҳои  Маҷлиси вакилони халқ  доир ба масъалаҳои мушаххас иштирок  карданд. Инчунин Марказ робитаҳои кории машваратиро бо вазорат, кумитаҳо ва агентиҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои  илмию таҳқиқотӣ, аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ба номи академик А.Баҳоваддинов,  Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи  ба номи Аҳмади  Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва якчанд муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ба роҳ монд.

Бо дахли ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар ниҳодҳои таҳлили кишварҳои хориҷӣ Хуршед Зиёӣ афзуд, ки МТС  ҳамкории судмандро бо марказҳои таҳлилии давлатҳои хориҷӣ, назири марказҳои таҳлилии Федератсияи Россия, Қазоқистон, Чин, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, марказҳои тадқиқоти стратегии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва ва  Полша тақвият бахшидааст. Инчунин Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла,  намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/, Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/, Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи  Байналмилалии Асъор, Созмони Ҳамкории Байналмилалии Германия, Маркази Дипломатияи Пешгирикунанда дар  Ашқобод ҳамкориро тавсеа бахшид. Марказ ҳамзамон узви  Маркази таҳлилии СААД,   Форуми СҲШ ва яке аз муассисони  Академияи САҲА дар шаҳри Бишкек мебошад.

Февраль 7, 2020 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид