Озмоишгоҳи «Тоҷикстандарт» барои истифодаи нишони мақомоти бонуфузи байналмилалии «ILAK» иҷозат гирифт

Февраль 7, 2020 09:10

ДУШАНБЕ, 07.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии аккредитатсияи Ҷумҳурии Қазоқистон ТОО «НЦА», ки аъзои комилҳуқуқи  ташкилоти байналмилалӣ оид ба аккредитатсия (ILAK) аст, барои истифодаи нишони мақомоти бонуфузи байналмилалии  «ILAK» ва ТОО «НЦА» дар санадҳои ташхисии Агентии стандартизатсия, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») қарор қабул кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии «Тоҷикстандарт» хабар доданд, 4 ва 5 феврал  дар Маркази ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ, кишоварзӣ ва молҳои ниёзи мардуми Агентии «Тоҷикстандарт» аз ҷониби Маркази миллии аккредитатсияи Ҷумҳурии Қазоқистон ТОО «НЦА», ки аъзои комилҳуқуқи  ташкилоти байналмилалӣ оид ба аккредитатсия (ILAK) мебошад, санҷиши назоратии фаъолияти озмоишгоҳ гузаронида шуд. Дар раванди санҷиш асосан мутобиқати фаъолияти озмоишгоҳ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

“Натиҷаи санҷиши назоратӣ нишон дод, ки дар озмоишгоҳ дақиқии ташхисҳо ва дигар талаботи меъёрҳои байналмилалӣ риоя мегардад ва бо назардошти ин барои истифодаи нишони мақомоти бонуфузи байналмилалии  «ILAK» ва ТОО «НЦА» дар санадҳои ташхисии Агентии «Тоҷикстандарт» қарор қабул карда шуд”,-  илова намуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли 2018 Маркази ташхисӣ дар феҳристи озмоишгоҳҳои дар сатҳи байналмилалӣ аккредитатсияшуда ба қайд гирифта шудааст. Марказ тибқи талаботи стандарти байналмилалии ИСО/МЭК 17025:2009 «Талаботи умумӣ ба салоҳиятнокии озмоишгоҳҳои ташхисӣ ва калибровкакунонӣ» аккредитатсия карда шуда, соҳиби аттестати аккредитатсия мебошад. Дар давраи якуми аккредитатсия 21 усули ташхисӣ ва дар давраи дуюми аккредитатсия  40 усули ташхисӣ ба қайд гирифта шуданд, ки ин доираи ваколатҳоро қариб 2 баробар зиёд менамояд. Ҳамзамон ба системаи рамзии намунаҳо ва ҷобаҷогузории менеҷерҳои сифат дар сохтори ташкилии «Тоҷикстандарт»  баҳои хуб дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар миқёси Осиёи Миёна Тоҷикистон баъд аз Қазоқистон дуюмин мамлакатест, ки озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хўроквориаш дар ин доира ваколати байналмилалӣ мегирад.

Февраль 7, 2020 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад