Павел Эргашев аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
ДУШАНБЕ, 27.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 26 феврал Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, генерал-майор Павел Эргашев бо ҳайати ҳамроҳонаш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо таъриху фарҳанг ва тамаддуни бою рангини миллати тоҷик шинос гардид.
Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷазода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, Павел Эргашев бо ёдгориҳо ва нигораҳои таърихие, ки бозгӯи давраҳои гуногуни таъриху фарҳанги миллати тоҷиканд, шинос шуд.
Меҳмононро Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода ҳамроҳӣ намуд. Ҳамчунин шахсони масъули Осорхонаи миллии Тоҷикистон меҳмононро истиқбол гирифта, ба онҳо дар сатҳи баланди касбӣ бо забони русӣ сайри осорхонавӣ гузарониданд.
Зикр гардид, ки шуъбаҳои экспозитсионии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, аз қабили таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин, ки ҳунармандӣ, либоспӯшӣ, тарзи зисти одамон, заргарӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ дар рӯи чӯб, хушнависӣ, мисгарӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, хосса тарзи зисту зиндагонии тоҷиконро дар давраҳои гуногуни таърих таҷассум мекунанд, ба меҳмонон муаррифӣ гардиданд. Инчунин ба воситаи сайри осорхонавӣ меҳмонон аз бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихӣ дар ошёнаи якуми Осорхонаи миллии Тоҷикистон- шурӯъ аз асри санг то асри VIII ва дар ошёнаи дуюм- аз даврони «Сомониён» то асри XX дидан намуданд. Дар толорҳои шуъбаи таърихи нав ва навтарин бо дастовардҳои замони истиқлолияти мамлакат ва толори «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шинос шуданд.
Дар охир Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон соядаст гузошт.








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






