Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ хонум Георгина Бейкерро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 20.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 20 феврал дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ хонум Георгина Бейкерро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо фаъолияти намояндагии Корпоратсияро дар Тоҷикистон қаноатбахш арзёбӣ мекунем ва манфиатдори рушди минбаъдаи шарикӣ бо он ҳастем.
Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориро дар соҳаҳои мухталифи рушд, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои молия, савдо, телекоммуникатсия, агробизнес ва пешбурди фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ муҳокима карданд.
Таъкид гардид, ки идомаи ҳамкорӣ дар самти ислоҳоти низоми бақайдгирии субъектҳои хоҷагидор, иҷозатномадиҳӣ ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор низ, барои таҳкими робитаҳо дар оянда пурсамар хоҳад буд.
Дар ҷараёни мулоқот Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва таъсири омилҳои беруна ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ шуда, таъмини инкишофи бозорҳои молиявӣ, зерсохтори энергетикиву истеҳсолӣ, соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ, маблағгузории соҳибкории хурду миёна, аз ҷумла дар бахши кишоварзӣ, бахусус, дар ноҳияҳои дурдаст, инчунин, зиёд кардани қарз барои занони соҳибкор, муҳим шумурда шуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон






