Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода бо Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 27.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/ Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода дар доираи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ Сергей Лебедев мулоқот намуд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар вохӯрӣ рафти омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода ва масъалаҳои марбут ба баргузории он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода изҳор намуд, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботи қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тамоми чорабиниҳои вобаста ба омодагӣ ва баргузории интихоботи Маҷлиси Олиро саривақт амалӣ карда, ба тамоми иштирокчиёни раванди интихобот шароити баробар муҳайё намудааст.
Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев зикр намуд, ки Миссияи мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ аз 10 нафар давлати иттиҳод иборат мебошад. «Онҳо шурӯъ аз 10 -уми феврал бо роҳбарони мақомоти марбутаи Тоҷикистон мулоқот намуда, бо шароиту имконоти мавҷуда дар ҳавзаву участкаҳои интихоботии 21 шаҳру ноҳия аз наздик шинос шуданд. Баъди корҳои анҷомдодашуда, ба хулоса омадем, ки омодагӣ ба ин маъракаи сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои ором, демократӣ ва мутобиқ ба талаботи қонунгузории интихоботи амалкунандаи ҷаҳонӣ ҷараён дорад», -гуфт роҳбари гурӯҳи нозирони ИДМ Сергей Лебедев.
Дар оихир ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ нафарони арзанда ва донишманду матиниродаро сари кор хоҳад овард. Ва мардум бо раъйи худ номзади арзандаи хешро ба ин мақоми пурифтихор пешбарӣ менамоянд.









Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон






