Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода бо Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев мулоқот намуд

Февраль 28, 2020 13:57

ДУШАНБЕ, 27.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/ Ҷумҳурии  Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода дар доираи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ Сергей Лебедев мулоқот намуд. 

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар вохӯрӣ рафти омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода ва масъалаҳои марбут ба баргузории он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода изҳор намуд, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/ Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар доираи талаботи қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва  Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тамоми чорабиниҳои вобаста ба омодагӣ ва баргузории интихоботи Маҷлиси Олиро саривақт амалӣ карда, ба тамоми иштирокчиёни раванди интихобот шароити баробар муҳайё намудааст.

Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев зикр намуд, ки Миссияи мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ аз 10 нафар давлати иттиҳод иборат мебошад. «Онҳо шурӯъ аз 10 -уми феврал бо роҳбарони мақомоти марбутаи Тоҷикистон мулоқот намуда, бо шароиту имконоти мавҷуда дар ҳавзаву участкаҳои интихоботии 21 шаҳру ноҳия аз наздик шинос шуданд. Баъди корҳои анҷомдодашуда, ба хулоса омадем, ки омодагӣ ба ин маъракаи сиёсӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар фазои ором, демократӣ ва мутобиқ  ба талаботи қонунгузории интихоботи амалкунандаи ҷаҳонӣ ҷараён дорад», -гуфт роҳбари гурӯҳи нозирони ИДМ Сергей Лебедев.

Дар оихир ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ нафарони арзанда ва донишманду матиниродаро сари кор хоҳад овард. Ва мардум бо раъйи худ номзади арзандаи хешро ба ин мақоми пурифтихор пешбарӣ менамоянд.

Февраль 28, 2020 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд
1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»