Россия, Қазоқистон ва Чин — шарикони асосии тиҷорати Тоҷикистон дар самти воридоти мол

Февраль 12, 2020 13:33

ДУШАНБЕ, 12.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти гумруки Тоҷикистон аз иҷрои нақшаи  ситонидани пардохтҳои  гумрукӣ  дар ҳаҷми 107,1  фоиз дар соли 2019 пайғом расонд. Гумрукчиёни тоҷик соли сипаригардида ба  Буҷети давлатӣ  ба ҷои 5 миллиарду 145 миллион сомонии пешбинигардида зиёда аз 5,5 миллиард сомонӣ ворид намудаанд. Гардиши тиҷорати  хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта ба беш аз 4,4 миллиард  доллар баробар  гардид, ки ин омор нисбат ба соли 2018-ум 224,2 миллион доллар  зиёд мебошад.

Муовини аввали Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Азим Турсунзода  зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти макомоти мазкур дар соли сипаригардида 12 феврал дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки  аз ҳаҷми умумии  гардиши мол  зиёда аз 3,3  миллиард  доллар ба воридот ва  беш аз 1,1 миллиард доллар ба  содирот рост меояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта бо 116 давлати ҷаҳон  табодули мол  доштааст. Аз ҳаҷми умумии  содироти мол аз Тоҷикистон 21 фоиз ба Туркия, 20 фоиз ба Швейтсария, 19,6 фоиз ба Қазоқистон, 15,4 фоиз ба Ӯзбекистон,  5 фоиз ба Чин, 4 фоиз ба Россия,  3,5 фоиз ба Афғонистон,  1,8 фоиз ба Белгия ва 1,6 фоиз ба Эрон рост меояд. Соли гузашта Тоҷикистон асосан ба хориҷи мамлакат   консентратҳо, нахи пахта, семент, ресмони пахтагин, меваю сабзавот ва чарм содирот  намудааст.

Дар  самти воридоти мол ба Тоҷикистон Федератсияи Россия  шарики асосии тиҷоратии  давлати мо   маҳсуб ёфта, дар  раддабандӣ оид ба воридоти мол ба Тоҷикистон  бо 30,3 фоиз зинаи аввалро касб менамояд. Зинаҳои баъдиро бо 22,2 фоиз Қазоқистон,  беш аз 18 фоиз Чин,  5,1 фоиз Ӯзбекистон, 4,3 фоиз Туркия, беш аз 2 фоизи Япония ва Германия ишғол намуда,  зиёда аз 1-фоизӣ ба Эрону Покистон ва Украина рост меояд.

Ба ҷумҳурӣ аз хориҷа асосан   маҳсулоти нафтӣ, гандум, гази моеъ, воситаҳои нақлиёти сабукрав, равғани растанӣ, шакар, чӯбу тахта, гӯшти мурғ,  дар маҷмӯъ 97 номгӯй  маҳсулот ворид гардидааст.

Февраль 12, 2020 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд