Россия, Қазоқистон ва Чин — шарикони асосии тиҷорати Тоҷикистон дар самти воридоти мол
ДУШАНБЕ, 12.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти гумруки Тоҷикистон аз иҷрои нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ дар ҳаҷми 107,1 фоиз дар соли 2019 пайғом расонд. Гумрукчиёни тоҷик соли сипаригардида ба Буҷети давлатӣ ба ҷои 5 миллиарду 145 миллион сомонии пешбинигардида зиёда аз 5,5 миллиард сомонӣ ворид намудаанд. Гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта ба беш аз 4,4 миллиард доллар баробар гардид, ки ин омор нисбат ба соли 2018-ум 224,2 миллион доллар зиёд мебошад.
Муовини аввали Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти макомоти мазкур дар соли сипаригардида 12 феврал дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки аз ҳаҷми умумии гардиши мол зиёда аз 3,3 миллиард доллар ба воридот ва беш аз 1,1 миллиард доллар ба содирот рост меояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта бо 116 давлати ҷаҳон табодули мол доштааст. Аз ҳаҷми умумии содироти мол аз Тоҷикистон 21 фоиз ба Туркия, 20 фоиз ба Швейтсария, 19,6 фоиз ба Қазоқистон, 15,4 фоиз ба Ӯзбекистон, 5 фоиз ба Чин, 4 фоиз ба Россия, 3,5 фоиз ба Афғонистон, 1,8 фоиз ба Белгия ва 1,6 фоиз ба Эрон рост меояд. Соли гузашта Тоҷикистон асосан ба хориҷи мамлакат консентратҳо, нахи пахта, семент, ресмони пахтагин, меваю сабзавот ва чарм содирот намудааст.
Дар самти воридоти мол ба Тоҷикистон Федератсияи Россия шарики асосии тиҷоратии давлати мо маҳсуб ёфта, дар раддабандӣ оид ба воридоти мол ба Тоҷикистон бо 30,3 фоиз зинаи аввалро касб менамояд. Зинаҳои баъдиро бо 22,2 фоиз Қазоқистон, беш аз 18 фоиз Чин, 5,1 фоиз Ӯзбекистон, 4,3 фоиз Туркия, беш аз 2 фоизи Япония ва Германия ишғол намуда, зиёда аз 1-фоизӣ ба Эрону Покистон ва Украина рост меояд.
Ба ҷумҳурӣ аз хориҷа асосан маҳсулоти нафтӣ, гандум, гази моеъ, воситаҳои нақлиёти сабукрав, равғани растанӣ, шакар, чӯбу тахта, гӯшти мурғ, дар маҷмӯъ 97 номгӯй маҳсулот ворид гардидааст.








Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд






