То имрӯз бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар ноҳияи Шаҳринав 226 иншоот ба истифода дода шуданд
ШАҲРИНАВ, 18.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав сохтмони 401 иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз дар 226 иншоот, аз ҷумла 1 адад сардхона, 4 адад гармхона, 4 пули мошингузар, 2 адад бунгоҳи тиббӣ, кӯдакистон, коргоҳи дӯзандагӣ ва дигар иншоот корҳои таъмирию сохтмонӣ бо харҷи умумии 16 миллион сомонӣ ва таъсиси 718 ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Шаҳринав Нусратулло Аюбзода иброз намуд.
Ба маълумоти номбурда, соли 2019 истеҳсоли сабзавот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 59227 тонна ва маҳсулоти мевагӣ 8651 тоннаро ташкил дод. Аз ин миқдор 4850 тонна пиёз, 1122 тонна олу, 482 тонна гелос, 148 тонна хурмо ва 2100 тонна ангур ба хориҷи мамлакат содирот шудааст, ки дар рушди соҳаи кишоварзӣ таъсири хуб мерасонад.








«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид






