То имрӯз бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар ноҳияи Шаҳринав 226 иншоот ба истифода дода шуданд

Февраль 18, 2020 11:38

ШАҲРИНАВ, 18.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав  сохтмони 401 иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. То  имрӯз дар 226 иншоот, аз ҷумла  1 адад сардхона, 4 адад гармхона, 4 пули мошингузар, 2 адад бунгоҳи тиббӣ, кӯдакистон, коргоҳи дӯзандагӣ ва дигар  иншоот корҳои таъмирию сохтмонӣ бо харҷи умумии 16 миллион сомонӣ ва таъсиси  718 ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ  ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи  Шаҳринав Нусратулло Аюбзода иброз намуд.

Ба маълумоти номбурда, соли 2019 истеҳсоли сабзавот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 59227 тонна ва  маҳсулоти мевагӣ 8651 тоннаро ташкил дод. Аз ин миқдор 4850 тонна пиёз, 1122 тонна олу, 482 тонна гелос, 148 тонна хурмо ва 2100 тонна ангур ба хориҷи мамлакат  содирот шудааст, ки дар рушди соҳаи кишоварзӣ таъсири хуб мерасонад.

Февраль 18, 2020 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад