Шералӣ Сиддиқзода: «БМИМТ дар Хатлон 12 мактаб месозад»

Февраль 12, 2020 13:46

ДУШАНБЕ, 12.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) тасмим гирифтааст, ки дар давраи  татбиқи марҳилаи чоруми барномаи  «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ»   дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон  12 бинои мактаб дар як баст бо 2544 ҷойи нишаст бунёд намояд.  Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори иҷроияи  Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон Шералӣ Сиддиқзода хабар дод.

Мавсуф иброз намуд, ки «аз 56 бинои мактабҳои дар ҳолати фарсуда қарордоштаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон пас аз омӯзиш ба 12 бинои мактаб дар ноҳияҳои Абдураҳмонӣ Ҷомӣ, Хуросон, Кӯшониён, Вахш, Левакант, Данғара, Балҷувон, Восеъ, Ховалинг, Кӯлоб, Ш. Шоҳин ва Муъминобод барои навсозӣ иҷозат дода шуд. Айни замон сохтмони бинои ин мактабҳо идома дорад».

Дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки мақсад ва вазифаи асосии барномаҳои «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои фарогир буда, дар ҷараёни он мактабҳои лоиҳавӣ бо мебелу таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда мешаванд.

«Соли 2020 дар доирати амалишавии барнома иҷрои вазифаҳои зерин, аз қабили  сохтмони 12 бинои мактабии дуқабатаи дорои  6, 8 ва 10 синфхона ба назардошти тадбирҳои баландбардории самаранокиии энергетикии биноҳо, муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳои нав бо мебели мустаҳками босифат, таъмини мактабҳои лоиҳавӣ ба шабакаи  мустақили гармидиҳӣ ва неруи барқ, сохтмони нуқтаҳои  санитарии ба талабот ҷавобгӯ, дар ҳолати зарурӣ таъмин намудани мактабҳои лоиҳавӣ бо синфхонаҳои таълими меҳнат ҷиҳати фароҳам овардани имконият барои тайёрии касбӣ ва дигар чорабиниҳои омӯзиширо пешбинӣ намудааст»,-  афзуд Шералӣ Сиддиқзода.

Февраль 12, 2020 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд