«Standard & Poor’s»: Тоҷикистон минбаъд низ суръати баланди рушди иқтисодиро нишон хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 24.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Агентии бонуфузи таҳлилии америкоии «Standard and Poors» (S&P) раддабандии Тоҷикистонро дар сатҳи «B-/B» тасдиқ менамояд. Таҳлилгарони Агентӣ бар онанд, ки Тоҷикистон минбаъд низ суръати баланди рушди иқтисодиро нишон хоҳад дод, аммо нишондиҳандаҳои молияи давлатӣ ва бахши иқтисодӣ заиф боқӣ хоҳанд монд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Ба гуфтаи таҳлилгарони «S&P», агар қисми зиёди хароҷоти сохтмони Неругоҳи барқи обии (НБО) «Роғун» ба зиммаи ҳукумат вогузор шавад, он гоҳ ин метавонад ба буҷети давлат фишор оварад.
«Албатта, НБО «Роғун» арзиши зиёд дорад. Вале, агар сохтмони он ба итмом расад, он гоҳ қисми зиёди неруи барқи тавлидшаванда содирот хоҳад шуд, ки дар ниҳоят метавонад ба рушди дарозмуддат ва миқёсии иқтисодиёти Тоҷикистон оварда расонад», — зикр мешавад дар иттилоияи S&P.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, моҳи сентябри соли 2019 Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати дуюми НБО «Роғун»-ро дар вазъияти тантанавӣ ба кор дароварданд.
Навбати аввали неругоҳи мазкур 16 ноябри соли 2018 ба кор дароварда шуда буд. Пас аз пурра ба кор даровардани ҳамаи шаш агрегат, НБО «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт (зиёда аз 17 млрд. кВт/соат) бузургтарин НБО дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад гардид.
Сохтмони он дар охири солҳои 70-ум оғоз ёфта, пас аз пошхӯрии ИҶШС кор ба таври доимӣ боздошта шуд. Моҳи октябри соли 2016 ширкати италиявии «Салини Импреҷило» дар тендер барои ба итмом расонидани сохтмони НБО «Роғун» ғолиб омад.
29 октябри соли 2016 маҷрои дарёи Вахш баста шуд, ки ин ба оғози корҳои сохтмони сарбанд замина гузошт. Илова бар ширкати италиявӣ, дар иншооти мазкур ҳамчунин беш аз 50 зерпудратчӣ, аз ҷумла ширкатҳои эронӣ, русӣ, чинӣ, германӣ ва украинӣ фаъолият доранд.
Ёдовар мешавем, ки «Standard & Poor’s» («S&P», номи пурра – «Standard & Poor’s Financial Services LLC») ширкати фаръии корпоратсияи америкоии «McGraw-Hill» мебошад, ки ба таҳқиқоти таҳлилии бозорҳои молиявӣ машғул аст. Ширкат яке аз се агентиҳои бонуфузи байналмиллалӣ мебошад, ки ҳамчун муассис ва муҳаррири индекси саҳомии америкоии «S&P 500» маъруф аст. Аз 28 апрели соли 2016 он «S&P Global Ratin» номгузорӣ шудааст.








Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид






