«Standard & Poor’s»: Тоҷикистон минбаъд низ суръати баланди рушди иқтисодиро нишон хоҳад дод

Февраль 24, 2020 10:50

ДУШАНБЕ, 24.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Агентии бонуфузи таҳлилии америкоии «Standard and Poors» (S&P) раддабандии Тоҷикистонро дар сатҳи «B-/B» тасдиқ менамояд. Таҳлилгарони Агентӣ бар онанд, ки Тоҷикистон минбаъд низ суръати баланди рушди иқтисодиро нишон хоҳад дод, аммо нишондиҳандаҳои молияи давлатӣ ва бахши иқтисодӣ заиф боқӣ хоҳанд монд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Ба гуфтаи таҳлилгарони «S&P», агар қисми зиёди хароҷоти сохтмони Неругоҳи барқи обии (НБО) «Роғун» ба зиммаи ҳукумат вогузор шавад, он гоҳ ин метавонад ба буҷети давлат фишор оварад.

«Албатта, НБО «Роғун» арзиши зиёд дорад. Вале, агар сохтмони он ба итмом расад, он гоҳ қисми зиёди неруи барқи тавлидшаванда содирот хоҳад шуд, ки дар ниҳоят метавонад ба рушди дарозмуддат ва миқёсии иқтисодиёти Тоҷикистон оварда расонад», — зикр мешавад дар иттилоияи S&P.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, моҳи сентябри соли 2019 Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати дуюми НБО «Роғун»-ро дар вазъияти тантанавӣ ба кор дароварданд.

Навбати аввали неругоҳи мазкур 16 ноябри соли 2018 ба кор дароварда шуда буд. Пас аз пурра ба кор даровардани ҳамаи шаш агрегат, НБО «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт (зиёда аз 17 млрд. кВт/соат) бузургтарин НБО дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад гардид.

Сохтмони он дар охири солҳои 70-ум оғоз ёфта, пас аз пошхӯрии ИҶШС кор ба таври доимӣ боздошта шуд. Моҳи октябри соли 2016 ширкати италиявии «Салини Импреҷило» дар тендер барои ба итмом расонидани сохтмони НБО «Роғун» ғолиб омад.

29 октябри соли 2016 маҷрои дарёи Вахш баста шуд, ки ин ба оғози корҳои сохтмони сарбанд замина гузошт. Илова бар ширкати италиявӣ, дар иншооти мазкур ҳамчунин беш аз 50 зерпудратчӣ, аз ҷумла ширкатҳои эронӣ, русӣ, чинӣ, германӣ ва украинӣ фаъолият доранд.

Ёдовар мешавем, ки «Standard & Poor’s» («S&P», номи пурра – «Standard & Poor’s Financial Services LLC») ширкати фаръии корпоратсияи америкоии «McGraw-Hill» мебошад, ки ба таҳқиқоти таҳлилии бозорҳои молиявӣ машғул аст. Ширкат яке аз се агентиҳои бонуфузи байналмиллалӣ мебошад, ки ҳамчун муассис ва муҳаррири индекси саҳомии америкоии «S&P 500» маъруф аст. Аз 28 апрели соли 2016 он «S&P Global Ratin» номгузорӣ шудааст.

Февраль 24, 2020 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Хайринисо Идрисова: «Дастарӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид