Судяҳои Суди шаҳри Ваҳдат дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот муҳтавои Паёми Пешвои миллатро тавзеҳ медиҳанд
ВАҲДАТ, 25.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат бо иштироки судяҳои Суди шаҳри Ваҳдат, масъулини ҷамоат ва ҷавонону бонувон барои шарҳу тафсири нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки Паём чун ҳуҷҷати роҳнамо тамоми рукнҳои асосии фаъолияти ҷамъиятиро дар бар гирифта, вазифаҳо ва амалҳои барои рушди мамлакат равонаро пурра мураттаб месозад. Ин ҳуҷҷати таърихӣ мазмунан ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба худ касб намуда, бори дигар собит намуд, ки дар ҳама бахшҳои мухталифи мамлакат нишондиҳандаҳои рушд дақиқан ва мазмунан шарҳ дода шудаанд. Чунин пешравиҳо аз рушди босуботи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятии ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳанд.
Раиси Суди шаҳри Ваҳдат Сайфиддин Камолзода доир ба масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва дигар падидаҳои хавфноку хатарнок, ки имрӯз тамоми ҷаҳонро фаро гирифтаанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷавононро ба бурдани тарзи ҳаёти солим, аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, сидқан дӯст доштани Ватан, ҷалби онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, донистани таърихи худ ва арҷ гузоштан ба он ҳидоят намуд.
Аҳли нишаст, ки намояндагони табақаҳои гуногун- раисони маҳаллаҳо, ходимони дин, директорону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҷамоат ва ҷавонону занон буданд, суханони меҳмонро ба хубӣ пазируфтанд. Ҳамзамон иброз доштанд, ки дастуру ҳидоятҳо ва мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки имрӯз аз тарафи гурӯҳи корӣ шунида шуд, минбаъд сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, мундариҷаи онро ба мардум мерасонанд.








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






