Сулҳу субот, оромии модарон ва табассуми тифлонро сарбозони Ватан ҳифз мекунанд
НОРАК, 21.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар ҷавони баору номуси Ватан ифтихори бузург аст. Сулҳу суботи мамлакат, оромӣ ва хотири ҷамъи модарон, табассуми тифлонро ҷавонони содиқу вафодор ва ватандӯсту ватанпарвар ҳифз мекунанд. Ин нуктаро раиси шаҳри Норак Маликшо Неъматзода зимни мулоқот бо ҷавонони синни даъватӣ иброз намуд. Дар ин бора аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Норак ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Мулоқоти мазкур ба 27-умин солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он як гурӯҳ ҷавонон ихтиёран ба хизмат рафтани худро иброз доштанд.
Маликшо Неъматзода иброз намуд, ки ҳар фарди ватандӯсту худогоҳ бояд дар пешрафт ва шукуфоии Ватани хеш саҳм гузорад.
Ҳамчунин аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро зиёд намоянд, то сафи ихтиёриён боз ҳам зиёд гардад ва бо ин амал чун фарзандони баору номус садоқати худро ба ҳифзи Ватан-Модар нишон диҳанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак бахшида ба 27-умин солгарди Қуввавҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия намудааст.
Аз ҷумла, гурӯҳҳои корӣ дар ҷамоатҳои деҳот ва маркази шаҳр оид ба аҳамияти хизмат дар сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рисолати бузурги хешро ҷиҳати ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, таъмини осоишу оромии қаламрави мамлакат ва ҳимояи манфиатҳои Ватан содиқона анҷом додааст, бо аҳолӣ вохӯриҳои судманд баргузор менамоянд.








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






