ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, чоршанбе, 50-умин рӯзи соли 2020 аст
19 феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷа аз ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ, аз ҷумла, дастгирии рушди соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
***
2 сол пеш, 19 февраоли соли 2018 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев доираи васеи ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон ва дурнамои рушди онро дар асоси шарикии стратегӣ муҳокима намуданд.
***
10 сол пеш, 19 феврали соли 2009 паҳлавони тоҷик Олим Зикаев дар мусобиқаи кушоди XIII Ҷумҳурии Беларус оид ба гӯштини самбо барои дарёфти Ҷоми президенти ин кишвар дар шаҳри Минск соҳиби медали тиллоӣ гардид.
19 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Туркманистон — Рӯзи парчами давлатӣ.
***
Дар Непал – Рӯзи Конститутсия.
***
Дар Канада – Рӯзи оила.
РӮЙДОДҲО:
19 феврали соли 2007 дар шаҳри Душанбе сомонаи нави Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон www.mfa.tj рӯнамоӣ карда шуд.
***
10 сол пеш, 9 феврали соли 2010 дастаи мунтахаби футболбозони Тоҷикистон дар Шри–Ланка дар доираи Ҷоми даъватии Конфедератсияи футболи Осиё бо дастаи мунтахаби Бангладеш қувваозмоӣ карда, бо ҳисоби 3:1 ғалаба ба даст овард.
***
Дар ин рӯзи соли 1878 ихтироъкори америкоӣ Томас Эдисон фонограф (аввалин асбоб барои сабт ва аз нав ҳосил кардани садо) – ро ихтироъ намуд.
***
19 феврали соли 1921 куҳантарин рӯзномаи Россия — «Труд» («Меҳнат») таъсис дода шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2018 дар Душанбе масъалаи ба муассисаҳои таҳсилотии олии Федератсияи Россия тибқи квота дохил шудани ҷавонони тоҷик баррасӣ гардид.
***
Соли 1974 аввалин маротиба маросими супоридани ҷоизаи мусиқавии америкоӣ — American Music Award баргузор гардид.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад









Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хуҷанд васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Роғун 94 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт осоишгоҳи замонавӣ бунёд карда мешавад
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд






