ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 феврал, сешанбе, 56-умин рӯзи соли 2020 аст
25 феврали соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Алмосии ноҳияи Ҳисор сафар карда, ба бунёди боғи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғози расмӣ бахшиданд.
***
4 сол пеш, 25 феврали соли 2016 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2011 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соли 2010 ба шарқшиноси барҷаста, Корманди хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, профессори Донишгоҳи Ленинград Николаев Александр Болдирович, ки ҳаёти худро ба омӯзиши адабиёти тоҷикӣ-форсӣ ва тарбияи шарқшиносони тоҷик бахшидааст, дода шуд.
25 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Ҷумҳурии Доминикан – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.
***
Дар Кувайт – Рӯзи миллӣ.
РӮЙДОДҲО:
25 феврали соли 2011 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж ба муносибати 50-солагии Иттифоқи байналмилалии илмҳои геологӣ семинари байналмилалии геологӣ баргузор гардид, ки дар он сардори вақти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим иштирок намуд.
***
7 сол пеш, 25 феврали соли 2013 дар Боку ҷаласаи XVI Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ баргузор гардид. Ба ҳайати Шӯрои мазкур агентиҳои иттилоотии Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон ва Россия шомил мебошанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 раиси шаҳри Душанбе ба шаҳрванди 8- миллионумини Тоҷикистон- Сумая хонаи дуҳуҷрагӣ туҳфа намуд.
***
25 феврали соли 2015 дар Душанбе масоили ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуданд.
***
30 сол муқаддам, 25 феврали соли 1990 дар ИМА дар тамоми хатсайрҳои дохилӣ кашидани тамоку манъ карда шуд.
***
25 феврали соли 1994 миёни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Шоҳигарии Камбоҷа муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2015 масъалаҳои ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Қазоқистон муҳокима гардиданд.
***
Соли 2015 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки тибқи он ҳамасола 14 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи соҳибкорон таҷлил карда мешавад.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад