«Такмили қонунгузории зиддикоррупсионӣ: муаммоҳо ва дурнамои рушд» — Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар Хуҷанд

Февраль 6, 2020 12:02

ДУШАНБЕ, 06.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мавзӯи «Такмили қонунгузории зиддикоррупсионӣ: муаммоҳо ва дурнамои рушд» Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи мазкур  хабар доданд,  дар кори конференсия намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд, прокуратураи вилояти Суғд ва раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон    иштирок намуданд.

Ректори ДДҲБСТ профессор Муъмин Шарифзода  баргузории конференсияи ҷумҳуриявиро муҳиму саривақтӣ унвон намуд.

Зимни конференсияи илмӣ аз ҷониби иштирокдорон маърӯзаҳо дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ дар самти муқовимат бо коррупсия», «Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти амалигардонии сиёсати зиддикоррупсионии давлат», «Зарари коррупсия ба субот ва амнияти ҷомеа», «Мафҳуми коррупсия аз назари ҳуқуқи байналмилалӣ», «Коррупсия чун зуҳуроти таҳдидкунанда ба амнияти давлатӣ» ва «Муборизаи қатъӣ ба амалҳои коррупсионӣ-шарти муҳими зиндагии шоиста» манзур гардиданд.

Аз ҷумла, зикр гардид, ки давоми даҳсолаҳои охир бинобар хусусияти фарогир пайдо кардани коррупсия дар ҷомеа мубориза бо ин зуҳурот ба яке аз масъалаҳои калидии таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа табдил ёфтааст.

Зимни конференсия гуфта шуд, ки мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, балки дар ин самт ҳар шаҳрванд ва тамоми аҳли ҷомеа бояд бетараф набошанд.

Февраль 6, 2020 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд