«Такмили қонунгузории зиддикоррупсионӣ: муаммоҳо ва дурнамои рушд» — Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар Хуҷанд
ДУШАНБЕ, 06.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мавзӯи «Такмили қонунгузории зиддикоррупсионӣ: муаммоҳо ва дурнамои рушд» Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи мазкур хабар доданд, дар кори конференсия намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд, прокуратураи вилояти Суғд ва раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ректори ДДҲБСТ профессор Муъмин Шарифзода баргузории конференсияи ҷумҳуриявиро муҳиму саривақтӣ унвон намуд.
Зимни конференсияи илмӣ аз ҷониби иштирокдорон маърӯзаҳо дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ дар самти муқовимат бо коррупсия», «Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти амалигардонии сиёсати зиддикоррупсионии давлат», «Зарари коррупсия ба субот ва амнияти ҷомеа», «Мафҳуми коррупсия аз назари ҳуқуқи байналмилалӣ», «Коррупсия чун зуҳуроти таҳдидкунанда ба амнияти давлатӣ» ва «Муборизаи қатъӣ ба амалҳои коррупсионӣ-шарти муҳими зиндагии шоиста» манзур гардиданд.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки давоми даҳсолаҳои охир бинобар хусусияти фарогир пайдо кардани коррупсия дар ҷомеа мубориза бо ин зуҳурот ба яке аз масъалаҳои калидии таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа табдил ёфтааст.
Зимни конференсия гуфта шуд, ки мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, балки дар ин самт ҳар шаҳрванд ва тамоми аҳли ҷомеа бояд бетараф набошанд.








Посух ба муроҷиати шаҳрванди Афғонистон Муҳаммад Ҳаким Турсун
«БЕҲТАРИН УСТО ВА ШОГИРД». Дар Душанбе даври ҷамъбастии фестивал-озмуни ҳунармандону косибон баргузор мегардад
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ба хоҳишмандон касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро меомӯзад
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Шаҳри Душанбе бо намоиши либосҳои муосири миллӣ ба гирифтани ҷойи якум сазовор гардид
Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон бо шарикони байналмилалӣ дар самти муҳоҷират баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! 10-12 май дар бештари қаламрави Тоҷикистон бориши бошиддати борони пешгӯӣ мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар дуюмин Форуми байналмилалии баррасии муҳоҷират иштирок намуданд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба хонадони иштирокчии ҷанг аз шаҳри Ҳисор кумакпулии Пешвои миллатро супорид
Шаҳноза Ахмедова: «Рушди ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими муаррифии давлат, миллат ва фарҳанг аст»
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом хатарҳо ҳангоми истифодаи хизматрасониҳои молиявӣ дар Федератсияи Русия вуҷуд доранд?
Шаҳноза Ахмедова соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» гардид
Дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нишасти илмию назариявӣ баргузор гардид






