«Тараннумгари сухан»-таҳти ин унвон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор мешавад

Февраль 21, 2020 09:30

ДУШАНБЕ, 21.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 9 апрел дар саросари ҷумҳурӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Тараннумгари сухан» баргузор мегардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Фестивал бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» дар ҳамкорӣ ва дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

Ҳадаф аз баргузории фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин восита дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар фестивал озмунҳои гуногун аз қабили озмуни расмҳо аз рӯи асарҳои кӯдакона- «Китобчаи дӯстдоштаи ман», Озмуни хабарнигорон «Барои беҳтарин инъикоси таҷрибаи коллективҳои меҳнатӣ оид ба тарғиби китоб ва рушди хониш дар ВАО», сабқатҳои «Фурӯхташавандатарин китоб», «Фаъолтарин хонандаи ҷавон», «Машҳуртарин нависандаи кӯдакон», «Фаъолтарин китобхона ва хонандаи ҷавон», «Ровиёни ҷавон» баргузор мегарданд. Дар доираи фестивал инчунин  вохӯрии хонандагон бо адибон, суҳбатҳои «мизи гирд» ва муаррифии китобҳои нав дар назар аст.

Фестивали имсола ба ифтихори 29-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, иди Наврӯзи байналмилалӣ, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 — 2028», Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, инчунин ҷашну зодрӯзи адибону олимон ва таълифи китобҳои тозанашре, ки солҳои 2019 — 2020 интишор ёфтаанд, бахшида мешавад.

Дар Фестивали мазкур  аҳли илму адаб иштирок менамоянд.

Ғолибони озмунҳои фестивал бо китобҳо, туҳфаҳо, армуғонҳо, ифтихорномаву дипломҳо мукофотонида мешаванд. Инчунин созмондиҳандагон, иштирокчиёни фаъоли фестивал, китобдорон, адибону олимон, омӯзгорон, хонандагон, кормандони воситаҳои  ахбори омма, муассисаву ташкилот, шахсони алоҳида аз ҷониби Кумитаи тадорукот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мукофотҳои пулӣ, туҳфаҳо, ифтихорномаҳо ва нишонҳои сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда мешаванд.

Маълумот оид ба Низомномаи феставилро метавон аз сомонаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон https://www.vfarhang.tj/ пайдо кард.

Февраль 21, 2020 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад