ТО ИНТИХОБОТ 2 РӮЗ БОҚӢ МОНД. Вақти иштирок дар он чӣ қадар муайян гардидааст?

Февраль 27, 2020 14:11

ДУШАНБЕ, 27.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. То баргузории интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ 2 рӯзи дигар  боқӣ монд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» муҳимтарин масъалаҳоро доир ба овоздиҳӣ дар интихоботи мазкур  тариқи саволу ҷавоб манзури хонандагон мегардонад.

Савол: Вақти иштирок дар интихобот чӣ қадар муайян гардидааст?

Ҷавоб: Овоздиҳӣ дар рӯзи интихобот аз соати 6:00 то 20:00 гузаронида мешавад.

Савол : Агар шаҳрванд дар рӯзи интихобот   баъд аз соати 20:00   ба участкаи интихобот барои овоздиҳӣ ояд, ба ӯ барои овоздиҳӣ имконият дода мешавад?

Ҷавоб: Баъд аз соати 20:00 вақти овоздиҳӣ мегузарад ва баъди он комиссияи участкавӣ  фавран ба ҳисобкунии овозҳои интихобкунандагон шурӯъ менамояд. Яъне баъд аз соати 20:00    воридшавӣ ба бинои овоздиҳӣ  манъ мегардад ва ҷараёни овоздиҳӣ қатъ мегардад

Савол: Оё ба ҷои шахси дигар овоз додан мумкин аст, масалан метавон ба ҷои шавҳар, фарзанд ва дигар аҳли хонавода овоз дод?

Ҷавоб: Не,  ба ҷои шахси дигар овоз додан мумкин нест. Ҳар як интихобкунанда бояд шахсан худаш овоз диҳад.

Савол: Дар ҳолати бемор будан ва дар интихобот иштирок карда натавонистани интихобкунандагон чӣ тадбир  андешида мешавад?

Ҷавоб: Агар баъзе интихобкунандагон ба сабаби беморӣ ё сабабҳои дигар ба бинои овоздиҳӣ омада натавонанд, комиссияи участкавии интихобот мувофиқи хоҳиши онҳо ба аъзои ҷудогонааш супориш медиҳад, ки дар маҳалли зисти интихобкунандагони мазкур дар ҳузури мушоҳидон ва шахсони боэътимод овоздиҳӣ ташкил намоянд ва дар ин хусус дар рӯйхати интихобкунандагон қайд карда мешавад.

Савол: Ҳар интихобкунанда ба тарафдории чанд номзад дар варақаи имзогузорӣ  имзо гузошта метавонад?

Ҷавоб: Ҳар интихобкунанда дар варақаи имзогузорӣ бояд ба тарафдории фақат як номзад аз ҳавзаи маҳалли истиқомати худ имзо гузорад.

Савол: Интихобкунанда бо пешниҳоди кадом ҳуҷҷат метавонад аз комиссияи участкавии  интихобот бюллетенро барои овоздиҳӣ гирад?

Ҷавоб: Бюллетенҳои интихоботро комиссияи участкавии интихобот дар асоси рӯйхати интихоботкунандагони  участкаи интихобот бо пешниҳоди шиноснома ё хуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияти интихобкунанда (шаҳодатномаи ронандагӣ, билети ҳарбӣ, корти идентификатсионӣ) медиҳад. Ҳар интихобкунанда варақаи  бюллетени интихоботиро гирифта, дар рӯйхати интихоботкунандагон дар муқобили насаб, ном ва номи падари худ имзо гузорад. Додани бюллетенҳои иловагӣ ба интихоботкунандагон манъ аст.

Савол: Ҳангоми пур кардани бюллетен дар ҳуҷра ё хонаи овоздиҳии пинҳонӣ ғайр аз овоздиҳанда шахсони дигар низ ҳузур дошта метавонанд?

Ҷавоб: Не, ҳангоми пур кардани бюллетен ғайр аз овоздиҳанда  ҳозир будани шахсони дигар манъ аст.

Интихобкунандае, ки бюллетенро мустақилона пур карда наметавонад, ҳуқуқ дорад ба ҳуҷра ё хонаи овоздиҳӣ  бо салоҳдиди худ каси дигарро ғайр аз аъзои комиссияи интихобот, мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои  ахбори омма даъват кунад.

Савол: Интихобкунанда ҳуқуқи ба тарафдории чанд номзад ва ҳизби сиёсӣ овоз додан дорад?

Ҷавоб: Интихобкунанда  фақат ба тарафдории  як номзад ва як ҳизби сиёсӣ овоз диҳад. Ӯ дар бюллетени интихобот  дар чоркунҷаи холӣ дар муқобили насаб,  ном ва номи падари  номзад  ё ҳизби сиёсие, ки ба тарфдориашон овоз медиҳад, аломати + мегузорад. Дар мавриди зидди ҳамаи номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ овоз додан, интихобкунанда дар бюллетени интихобот  дар чоркунҷаи холии сатрҳои «муқобили ҳама номзадҳо» ва «муқобили рӯйхати ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ»  аломати + мегузорад.

Савол: Интихобкунандагоне, ки  бо ягон сабаб ба рӯйхати интихобкунандагон дохил карда нашудаанд, чӣ тавр овоз медиҳанд?

Ҷавоб: Чунин нафарон дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ба рӯйхати иловагӣ дохил карда  мешаванд ва овоз медиҳанд.

Савол: Дар бораи вақту ҷои овоздиҳӣ комиссияи участкавии интихобот ба интихобкунандагон кай хабар медиҳад?

Ҷавоб: Комиссияи участкавии интихобот вақту ҷои овоздиҳиро ба интихобкунандагон камаш 10 рӯз пеш аз интихобот хабар медиҳад

Савол:Натиҷаи пешакӣ ва ниҳоии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон  кай эълон ва интишор мегардад?

Ҷавоб: Натиҷаи пешакӣ ва ниҳоии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон  аз тариқи воситаҳои ахбори омма дар муддати 24 соат баъди ба охир расидани интихобот эълон карда мешавад.

Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ ахборотро дар бораи натиҷаи интихоботи вакилони Маҷлси намояндагон дар муддати  на дертар  аз ду ҳафта баъди интихобот интишор мекунад.

Савол: Кӣ метавонад дар интихобот иштирок кунад?

Ҷавоб: Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то рӯзи интихобот ба 18 расидааст, қатъи назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан доранд.

Савол: Кадом шаҳрвандон ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан надоранд?

Шахсоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст ё бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан надоранд. Ин меъёр аз талаботи қисми 4 моддаи 27 Конститутсияи   Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд.

Февраль 27, 2020 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ вориди шаҳри Бишкек шуданд
Маҷлиси намояндагон дар мавзуи ҳифзи пиряхҳо озмуни ҷумҳуриявӣ эълон менамояд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ ба Қирғизистон сафар намуданд
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
1 октябр иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
1 октябр ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Ҳамкории Парлумони Тоҷикистон бо Ассамблеяи Парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо густариш меёбад
Мавсума Муинӣ дар Австрия аз нақши калидии ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори ҷомеа ёдовар шуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар Комиссияи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё оид ба иқтисод ва рушди устувор иштирок намуданд