Ҳукумати Япония дар Тоҷикистон 5 лоиҳаи навро амалӣ менамояд

Февраль 4, 2020 14:20

ДУШАНБЕ, 04.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 4 феврал дар қароргоҳи Cафири фавқулода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ лоиҳаи созишномаи муштараки нави грантӣ ба маблағи умумии 370 035 доллари ИМА ба имзо расиданд.

Созишномаҳои мазкур аз ҷониби Сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мияшита Такаюки ва намояндагони мақомоти пазирандаи кумакҳо ба тасвиб расиданд.

Дар чаҳорчӯбаи Барномаи Ҳукумати Япония оид ба кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) панҷ лоиҳаи зайл маблағгузорӣ мешаванд:

“Лоиҳаи сохтмони Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар шаҳри Хуҷанд” ба маблағи 88,515 доллари ИМА;

“Лоиҳаи барқарорсозии системаи хати обӣ дар ҷамоати Лоиқ Шералӣ”-и шаҳри Панҷакент ба маблағи 90,846 доллари ИМА; “Лоиҳаи сохтмони бино барои шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдакона дар беморхонаи марказии ноҳияи Сангвор” бо маблағи 90,802 доллари ИМА;

“Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ барои беморхонаи сироятӣ дар шаҳри Душанбе” ба маблағи 89,820 доллари ИМА; “Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизот барои Маркази хизматрасонии калонсолон ва маъюбон дар шаҳри Истаравшан” ба маблағи 10,052 доллари ИМА.

Дар маросими баимзорасии созишномаҳо Сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мияшита Такаюки зикр кард, ки лоиҳаҳои Барномаи Ҳукумати Япония дар самтҳои мухталиф дар саросари ҷумҳурӣ амалӣ гашта, дар рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назарраси худро мегузоранд. Лоиҳаҳои мазкур, бахусус, барои аҳолии минтақаҳои дурдаст шароити мусоид фароҳам меоранд.

Февраль 4, 2020 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид