Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Омбудсмени Ҷумҳурии Гурҷистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 17.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари гурӯҳи корӣ ба шаҳри Тбилисии Ҷумҳурии Гурҷистон оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя аз табъиз» 14 феврал Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ва Омбудсмени Ҷумҳурии Гурҷистон хонум Нино Ломджария мулоқоти судманд анҷом доданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба таҳлили қонунгузории миллии Гурҷистон дар бораи манъ ва ҳимоя аз табъиз, масъалаҳои вобаста ба амалишавӣ ва татбиқи чораҳои ҳуқуқӣ ва амалии қонунгузории ҳимоя аз табъиз мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд. Мубодилаи андешаҳо бобати таҷрибаи фаъолият ва мандати омбудсменҳои ду давлат- Ҷумҳурии Гурҷистон чун мақомоти дорандаи мақоми «А»-и Алянси глобалии ниҳодҳои миллии ҳимояи ҳуқуқӣ (GANHRI) ва Ҷумҳурии Тоҷикистон чун Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони дорандаи мақоми «В» анҷом дода шуд.
Ҳамчунин масъалаҳо вобаста ба минбаъд амалӣ намудани ҳамкории дуҷонибаи судманд байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Омбудсмени Ҷумҳурии Гурҷистон баррасӣ гардиданд.








Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд






