ВАО: Эрон пас аз Чин ва Кореяи Ҷанубӣ маркази сеюми паҳншавии коронавирус гардид

Февраль 25, 2020 11:24

ДУШАНБЕ, 25.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои охир на танҳо аз Чин ва Кореяи Ҷанубӣ, балки аз Эрон низ иттилооти изтиробовар дар бораи ҳолатҳои нави беморӣ ва ҳатто марг аз сирояти коронавируси чинии COVID-19 мерасанд. Бино ба иттилои «Новые Известия», сухан асосан дар бораи одамони бемори  шаҳри муқаддаси шиамазҳабон-Қум, воқеъ дар шимоли мамлакат  меравад. Гуфта мешавад, ки ин вирус тавассути яке аз зиёраткунандагон паҳн гаштааст.

Тибқи иттилои намояндаи Вазорати тандурустии Эрон Каёнуш Ҷаҳонпур, се ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавируси COVID-19 дар шаҳрҳои Қум ва Эроқи ин давлат ба қайд гирифта шудааст. Ҳамаи беморон эронӣ ҳастанд, — зикр мекунад агентии “РИА Новости”.

Қаблан хабар расида буд, ки дар шаҳри Қум ду шаҳрванди Эрон аз ин беморӣ фавтиданд, ки ба гуфтаи онҳо, бо чиниҳо ягон робита надоштаанд. Мақомоти Эрон иддао доранд, ки вазъ бо COVID-19 дар Қум таҳти назорат аст ва аз паҳн шудани беморӣ хавотир нашаванд. Ҳамзамон, ширкати давлатии телевизион ва радиои IRIB дар Эрон хабар додааст, ки дар Қум қарор дода шудааст барои омӯзиши вазъи эпидемияи эҳтимолӣ дарсҳоро дар мактабҳо ва донишгоҳҳо қатъ намоянд. То 20 феврал шумораи қурбониёни коронавирус дар музофоти Хубэи Чин ба 2029 нафар расид, 10 337 нафар шифо ёфтанд ва 62 031 нафар  то ҳол бемор мебошанд.  Имрӯз маълум шуд, ки коронавирус боз дар ду шаҳрванди Россия дар киштии  саёҳатӣ бо номи “Diamond Princess” ташхис шудааст, ки дар Япония таҳти карантин қарор дода  шуда, рӯзҳои наздик онҳо ба беморхона бурда мешаванд. Қаблан, дар он ҷо боз як шаҳрванди Россия ҳамчун бемор ба  қайд гирифта шуда буд.

Дар худи Россия ҳоло беморони коронавирус вуҷуд надоранд, аммо Россия сарҳадро барои шаҳрвандони Чин муваққатан бастааст.

Февраль 25, 2020 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд