МУРОҶИАТИ ВКХ БА ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН: бинобар хуруҷи бемории нав дар Чин аз сафар ба ин кишвар худдорӣ намоед

Февраль 1, 2020 14:16

ДУШАНБЕ, 01.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВКХ ҶТ) дар робита ба  хуруҷи  бемории нав дар Чин ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия медиҳад, ки аз сафар ба ин кишвар худдорӣ намоянд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба  ВКХ ҶТ хабар медиҳад.

Дар иттилоияи манбаъ гуфта мешавад, ки бо  назардошти интишори вируси корона дар Чин, ВКХ ҶТ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз сафар ба ин кишвар дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоянд.

«Аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Чин қарор доранд, дархост мешавад, ки маълумот ва ному насаби худро ба Сафорати Тоҷикистон дар Пекин аз тариқи почтаи электронии tajembbeijing@mfa.tj ё рақамҳои телефони зерин пешниҳод кунанд: +8618511786686 (Суҳроб Қодиров), +8618514270747 (Амриддин Носиров) ва +8613522787975 (Фаромуз Пирмухамедов). Суроғаи Сафорати Тоҷикистон: Пекин, No.LA 01-04, Liangmaqiao Diplomatic Compound», — омадааст дар иттилоияи ВКХ.

Бино ба маълумоти расида, дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ҳодисаи мубтало шудан ба вируси корона ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамчунин вазорат аз ҳамватанон хоҳиш менамоед, ки оромиро нигоҳ дошта, қоидаҳои будубоши кишвари маҳалли иқомат ва талаботҳои зарурии пешгирии бемориро риоя кунанд.

Сафорат ҳолати паҳншавии вируси мазкурро дар Чин пайваста пайгирӣ намуда, муосидати заруриро ба шаҳрвандон мерасонад.

Корҳо дар ин самт идома доранд.

ДАК АКС ВКХ ҶТ. Акс аз бойгонӣ

Февраль 1, 2020 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири ҷавонон ва варзиши Миср мулоқот намуд
Дар Берлин 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Нахустин Сафири Тоҷикистон дар Салтанати Умон ба Султони Умон эътимоднома супорид
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
Дар Ашқобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд
Дастовардҳои 35 соли Истиқлолияти Тоҷикистон дар маҷаллаи «Оvo diplomatic»-и Эрон ба нашр расид
Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Вена ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ доир шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Умон дар соҳаи меҳнат баррасӣ шуданд