Вазири молия: «Талош дорем, то вазъи молиявию иқтисодии мамлакат аз таъсири эҳтимолии COVID-2019 халал наёбад»
ДУШАНБЕ, 13.02.2020 /АМИТ «Ховар/. Мо сайъ менамоем, ки таъсири эҳтимолиро ба вазъи молиявию иқтисодии ҷумҳурӣ дар робита ба хуруҷи коронавирус дар давлати ҳамсоя- Ҷумҳурии Мардумии Чин ба таври максималӣ бартараф намоем. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода иброз дошт.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин на танҳо ҳамсояи наздики Тоҷикистон, балки яке аз сармоягузорони асосӣ ба иқтисодиёти мамлакат маҳсуб шуда, соли гузашта ба Тоҷикистон 262,3 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намудааст. Гуфта шуд, ки он лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Чин дар Тоҷикистон татбиқ мегарданд, новобаста ба хуруҷи эпидемияи илтиҳоби шуш ё коронавирус идома дошта, халал нахоҳанд ёфт.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ коронавирусро, ки дар музофоти Хубэйи Чин хуруҷ намудааст, COVID-2019 номид. Дар иртибот ба хуруҷи ин эпидемия 11 феврал дар Женева ҳамоиши байналмилалӣ бо иштироки садҳо нафар мутахассисони ҳирфаӣ ва намояндагони вазорату марказҳои пешрафтаи тиббии ҷаҳон доир гардид. Дар маросими ифтитоҳи ин ҳамоиши байналмилалӣ Дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ Тедрос Адхан Гебрейесус сухан карда, гуфт, ки «мо то ҳол дар бораи коронавирус маълумоти зиёд надорем … Мо мехоҳем дониш ва таҷрибаи шуморо барои ёфтани посух ба саволҳои худ ва муайян кардани мушкилоте, ки то ҳол мо роҳҳои ҳалли онро намедонем, истифода барем».
Яке аз вазифаҳои дар назди иштирокчиёни форум гузошташуда таҳияи «харитаи роҳ» барои таҳқиқоти минбаъда мебошад, ки барои ҷалби диққати олимон ва донорҳо пешбинӣ шудааст. Пеш аз ҳама, бояд табодули маводи лабораторӣ ба роҳ монда шавад, гуфт Дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ. Ба гуфтаи вай, таҳияи ваксина метавонад 18 моҳро дар бар гирад, аз ин рӯ ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд имконияту воситаҳои мавҷударо барои ҳифзи аҳолӣ аз COVID-2019 истифода барад.








Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Дар Минск ҳамкории мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Русия дар самти муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Парвозҳои ҳавоӣ байни Душанбе ва Давҳа барқарор мегарданд
Дар Душанбе Конфронси панҷуми байналмилалии роҳдории Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Дар Панҷакент коргоҳи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли бетон ба истифода дода шуд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравӣ оид ба таъмини бехатарии авиатсионӣ баргузор шуд
Намояндагони «Тоҷикаэронавигатсия» бо раванди таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Академияи давлатии авиатсияи Беларус шинос гардиданд






