«ЗАМОНАТИ СИФАТИ РАНГ БАРОИ ПАНҶ СОЛ». Чунин зикр шудааст дар сарулибоси пахтагини дӯхти маҳаллӣ, ки истеҳсоли онҳоро ширкати «Ортекс» ба роҳ монд
ДУШАНБЕ, 07.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Нахустин маротиба дар Тоҷикистон либоси пахтагини дӯхти маҳаллӣ бо навиштаҷоти «Замонати сифати ранг барои панҷ сол» истеҳсол гардид. Ширкати «Ортекс» дар Тоҷикистон нахустин шуда чунин замонат медиҳад. Ҳоло шим ва пиҷакҳои зимистона бо чаҳор ранги тира дар дӯкони махсуси ширкат дар шаҳри Хуҷанд ва фурӯшгоҳҳои Душанбе пешниҳоди муштариён гардидаанд. Вобаста ба талаботи бозор ширкат нақша дорад, ки шумораи маҳсулот, навъ ва рангҳои онро афзоиш дода, коллексияҳои баҳорӣ ва тобистонаро низ илова намояд.
Ин муваффақият баъди боздиди раҳбарияти ширкат аз бузургтарин намоишгоҳи таҷҳизоти нассоҷиву дӯзандагӣ – «ITMA-2019», ки моҳи июни соли гузашта дар шаҳри Барселона доир шуд, ба даст омад. Ширкати «Ортекс» аз Испания бо таҷҳизоти рангпардозии лаборатории «Gester» баргашт ва онро дар корхонааш дар шаҳри Хуҷанд насб кард. Таҷҳизоти нав ба ширкат имконият медиҳад, ки технологияи замонавии рангпардозиро аз худ кунад ва нахустин ширкати ватанӣ бо чунин замонати устувории ранг барои маҳсулоташ гардад. Маҳсулоти химиявӣ ва рангуборкуниро «Ортекс» аз ширкати «Бецема»-и Шввейцария меорад.
Директори ширкати «Ортекс» Абдурозиқ Орипов мегӯяд, ҳар ширкате, ки мехоҳад мавқеяшро дар бозорҳои берунӣ мустаҳкам гардонад, бояд ин гуна таҷҳизоти замонавиро соҳиб шавад, то боварӣ ва эҳтироми муштариёнро ба даст орад. Ӯ афзуд, ки «мо метавонем барои расидан ба ҳадафҳои саноатикунонии мамлакат саҳм гузорем. Ҳамчун истеҳсолкунандаи либоси пахтагин мо мақсад дорем, то ҳамватанони худро бо либосҳои босифат ва зебо таъмин карда, мавқеи худро низ дар бозорҳои минтақавӣ устувор гардонида, нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун давлати истеҳсолкунандаи либосҳои босифат дар хориҷа баланд бардорем».
Ширкати «Ортекс» соли 2010 таъсис ёфта, либоси пахтагин истеҳсол мекунад ва онро умдатан дар дӯконҳои брендии худ ба фурӯш мебарорад. Корхона ба истеҳсоли куртаву шим, пиҷак ва дигар либосҳои мардонаву кӯдакона аз матои ҷинс ва махмал барои чор фасли сол машғул аст. Соли 2019 дар муқоиса бо соли 2018 истеҳсолоти ширкат 15 фоиз ва фоидааш 20 фоиз боло рафт.








Беш аз 5 миллион нафар дар Тоҷикистон муштариёни интернети мобилӣ мебошанд
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ дар муқоиса ба соли гузашта 5 фоиз зиёд гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. То ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 1400 иншоот ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор гектар замини нав аз худ карда мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи бузи пармашох ё морхӯр дар Тоҷикистон то ба зиёда аз 7 ҳазор сар мерасад
Дар шаш моҳи соли 2026 беш аз 1 миллион килограмм маҳсулоти ғайристандартӣ аз муомилот гирифта шуд
Дар ноҳияи Деваштич кишти картошка ба 10 ҳазор гектар расонида мешавад
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Агентии Чин оид ба ҳамкории рушди байналмилалӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДЕҲОТИ РАҚАМӢ. Лоиҳа бо мақсади беҳтар намудани дастрасии интернет ва алоқаи мобилӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон амалӣ мешавад
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» расман оғоз гардид
Дар комплекси сайёҳии Шаҳристон — эко резорт ба масофаи зиёда аз 5 километр таноброҳ сохта мешавад






