Гулрӯ Ҷабборзода: Барои саросар соҳибкасб кардани аҳолӣ чораандешӣ менамоем

Февраль 5, 2020 14:55

ДУШАНБЕ, 05.02. 2020 /АМИТ «Ховар»/. 4 феврал бо иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода дар маркази тренингии Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш” ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Ҳадафи ҷаласа аз шиносоӣ бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш”  ва дизайни лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бо кор таъминшавӣ”, иборат буд.

Ҷаласаи мазкур аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода ифтитоҳ гардид. Дар он намояндагони Бонки Осиёии Рушд,  муовинони вазир Эмин Сангинзода ва Абдусалом Мирзозода, намояндагони сохторҳои дахлдори вазорат, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисон ва мушовирони Гурӯҳи идоракунии лоиҳа иштирок намуданд.

Гулрӯ Ҷабборзода дар мавриди ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандони аз 18-сола боло ва андешидани тадбирҳои ҷиддӣ ҷиҳати саросар соҳибкасб кардани аҳолӣ иброз дошт, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Бонки Осиёии Рушд лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омўзиш” мавриди амал қарор дорад.

“Лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш” ислоҳоти низоми таҳсилоти ибтидоии касбиро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, арзишҳои суннатию башарӣ, эҳёи дарки худшиносии таърихӣ, ҳувияту анъанаҳои миллӣ ва дастовардҳои илмию техникӣ ба роҳ мондааст. Тамоми паҳлӯҳои лоиҳа ба принсипҳои сиёсати давлатии дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дарҷгардида мувофиқ буда, баҳри амалӣ гардидани он мусоидат менамояд”,-иброз намуд вазир.

Мақсади ҷаласа аз  муаррифии дизайни лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” иборат буд. Лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки иқтидори кории ҷавонон ва занон дар Тоҷикистон зиёд карда шавад. Барномаи пешниҳодшуда бахши малакаи касбиро бо роҳҳои тақвияти дастрасии қишрҳои осебпазири аҳолӣ ба омӯзиши малакаҳои касбӣ, таъмини омодасозии саривақтӣ ва босифати кадрҳо, таҳия ва ташкили консепсияи нави “Маркази рушди малакаҳо” – ҳамчун платформаи ягона дастгирӣ хоҳад кард.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода лоиҳаҳои мазкурро хеле муҳим ва барои Тоҷикистон саривақтӣ арзёбӣ карда, иштирокчиёнро барои татбиқи самараноки ҳарду лоиҳа даъват намуд.

Февраль 5, 2020 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид