СУБОТ, ЭЪТИМОД ВА ВАЗЪИ УСТУВОР. «Спитамен Бонк» шомили рейтинги молиявӣ-байналмилалии BBB гардид
ДУШАНБЕ, 07.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи январи соли 2020 Агентии байналмилалии рейтингии MicroFinanza Rating (MFR) ба “Спитамен Бонк” рейтинги ВВВ* дод, ки нишондиҳандаи барқарории бонк аст. Рейтинги ин категория барои Бонк дар бозори молиявӣ имкониятҳои нав мекушояд, хабар доданд ба мухбири АМИТ «Ховар» дар “Спитамен бонк”.
Баҳодиҳӣ ба ин категория аз субот, эътимоднокӣ, вазъи устувори молиявӣ ва сифати баланди портфели қарзии «Спитамен Бонк» шаҳодат медиҳад.
Ҳангоми шарҳ додани рейтинг муовини якуми раиси «Спитамен Бонк» Умедҷон Ҳикматов чунин гуфт: «Мо хеле хушнудем, ки бонки мо аз тарафи яке аз оҷонсиҳои пешбари рейтингӣ MicroFinanza Rating ба чунин баҳои баланд мушарраф гардид. Арзёбии холисонаи ин агентӣ фаъолияти шаффоф ва масъулиятноки Бонкро таъйид мекунад. Бояд зикр намуд, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо якчанд бонк рейтинги мусбати молиявӣ доранд. Хурсандибахш аст, ки акнун ба қатори онҳо «Спитамен Бонк» низ ҳамроҳ шуд ”.
Барои маълумот:
MicroFinanza Rating (MFR) – Агентии байналмилалии рейтингӣ аст, ки ба пешниҳоди хизматрасониҳои мустақил ва баландихтисос ба муассисаҳои молиявӣ, аз ҷумла рейтингҳои қарзӣ ва иҷтимоӣ, сертификатсия ва дигар амалҳо машғул мебошад. Мизоҷони MFR, ба монанди сармоягузорон ва танзимкунандагон асосан дастраскунандагони хизматҳои молиявӣ мебошанд.
_________________________________
* Рейтинги «BBB» нишондиҳандаи хатари пешфарзи дараҷаи паст аст. Зимни он мавқеи хуби қарздиҳӣ ва қобилияти пардохти уҳдадориҳои молиявӣ ба таври кофӣ арзёбӣ карда мешавад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






