СУБОТ, ЭЪТИМОД ВА ВАЗЪИ УСТУВОР. «Спитамен Бонк» шомили рейтинги молиявӣ-байналмилалии BBB гардид

Февраль 7, 2020 13:31

ДУШАНБЕ, 07.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи январи соли 2020 Агентии байналмилалии рейтингии MicroFinanza Rating (MFR) ба “Спитамен Бонк” рейтинги ВВВ* дод, ки нишондиҳандаи барқарории бонк аст. Рейтинги ин категория барои Бонк дар бозори молиявӣ имкониятҳои нав мекушояд, хабар доданд ба  мухбири АМИТ «Ховар» дар “Спитамен бонк”.

Баҳодиҳӣ ба ин категория аз субот, эътимоднокӣ, вазъи устувори молиявӣ ва сифати баланди портфели қарзии  «Спитамен Бонк» шаҳодат медиҳад.

 

 

Ҳангоми шарҳ додани рейтинг муовини якуми раиси  «Спитамен Бонк» Умедҷон Ҳикматов чунин гуфт: «Мо хеле хушнудем, ки  бонки мо  аз тарафи яке аз оҷонсиҳои пешбари рейтингӣ  MicroFinanza Rating ба чунин баҳои баланд мушарраф гардид. Арзёбии холисонаи ин агентӣ фаъолияти шаффоф ва масъулиятноки Бонкро  таъйид  мекунад. Бояд зикр намуд, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо якчанд бонк рейтинги мусбати молиявӣ доранд. Хурсандибахш аст, ки акнун ба қатори онҳо «Спитамен Бонк» низ ҳамроҳ шуд ”.

Барои маълумот:

MicroFinanza Rating (MFR)   – Агентии  байналмилалии рейтингӣ аст, ки ба пешниҳоди хизматрасониҳои мустақил ва баландихтисос ба муассисаҳои молиявӣ, аз ҷумла рейтингҳои қарзӣ ва иҷтимоӣ, сертификатсия ва дигар амалҳо машғул мебошад. Мизоҷони MFR,  ба монанди сармоягузорон ва танзимкунандагон асосан дастраскунандагони хизматҳои молиявӣ мебошанд.

_________________________________

* Рейтинги «BBB» нишондиҳандаи хатари пешфарзи дараҷаи паст аст. Зимни он мавқеи хуби қарздиҳӣ ва қобилияти пардохти уҳдадориҳои молиявӣ ба таври кофӣ арзёбӣ карда мешавад.

Февраль 7, 2020 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1249 то 0.1240 сомонӣ муқаррар шудааст
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазии барориши солҳои 2024 ва 2025-ро ба муомилот мебарорад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1249 то 0.1240 сомонӣ муқаррар шудааст