Заробиддин Файзуллозода: «Соли 2019 Тоҷикистон ба хориҷа ба маблағи беш аз 11,3 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот намудааст, ки нисбат ба соли пешин қариб 980 миллион сомонӣ зиёд аст»

Февраль 10, 2020 13:55

ДУШАНБЕ, 10.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар соле, ки сипарӣ гардид, ҳаҷми  истеҳсоли  маҳсулоти саноатиро  ба 27,5 миллиард сомонӣ  расонид, ки суръати афзоиш нисбат ба соли 2018  113,6 фоизро ташкил дод. Дар ин хусус Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  Заробиддин Файзуллозода 10 феврал ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.

Вазири саноат ва технологияҳои нав афзуд, ки аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии  истеҳсолгардида дар мамлакат,  беш аз 12,8 миллиард сомонӣ ба вилояти Суғд, 8,5 миллиард сомонӣ ба вилояти Хатлон, зиёда аз 2,7 миллиард сомонӣ ба шаҳри Душанбе, 2 миллиарду 787 миллион сомонӣ ба навоҳии  тобеи марказ ва зиёда аз 237 миллион сомонӣ ба Бадахшон рост меояд.

Зикр шуд, ки соли гузашта дар корхонаҳои саноатии мамлакат   маҳсулоти нави саноатӣ, аз қабили хӯлаҳои сурбӣ, гӯшти мурғ, бастабандии хокаи  ранга барои тайёр кардани  нӯшокиҳо, истеҳсоли хокаи хушки  мевагӣ барои  нӯшокиҳои ташнагишикан, уребчаҳо,  сачоқчаҳои хушк, омехтаи хушки саноатӣ,  сендвич, панел, витражҳои  алюминии  шишадор, лифт, шланги поливинихлоридӣ, мошинҳои  боркаш, яхдон, қолабҳои зарфҳои пластикӣ, сарпӯшакҳо, фарши рӯпӯши  тахтагин, сутунчаҳои нақшини мармарӣ, панҷараи зина аз мармар, шишаи мулоим ва блок-контейнерҳо истеҳсол гардидаанд. Ин омор дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар самти саноатикунонии мамлакат, ки аз ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардидааст, қадамҳои муассир гузошта, дар самти аз давлати воридоткунанда ба  молсодироткунанда гузаштан зарфи солҳои охир  муваффақ гардидааст.

Соли гузашта Тоҷикистон  ба хориҷа  ба маблағи беш аз 11,3 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот намудааст, ки нисбат ба соли 2018 қариб 980 миллион сомонӣ зиёд аст. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротшуда беш аз 9,5 миллиард сомонӣ  ба соҳаи саноат рост меояд. Аз ҷумла, корхонаҳои саноатии мамлакат соли сипаригардида  316,5 тонна маъданҳои тозакардашуда,  беш аз 1,5 миллион тонна семент, 18,2 ҳазор тонна ангишт, 2300 тонна намак,  18,5  ҳазор тонна ресмони пахтагӣ, 3,9 ҳазор тонна чарм, 273 тонна консерваи меваю сабзавот,   545 тонна  шарбатҳо ва шираи растаниҳо,  94,1 ҳазор тонна  нахи пахта,  156,8 миллион сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, аз қабили либосҳои  пахтагини  занона  ва мардона,  шим аз матои ҷинс,  либосҳои варзишӣ, куртаи мардона, маҳсулоти кешбофӣ ва дигар лавозимоти  дӯзандагӣ содирот намудаанд.

Февраль 10, 2020 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»