21 март дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии Замин таҷлил карда мешавад

Март 21, 2020 09:03

ДУШАНБЕ, 21.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳамасола 21 март- рӯзи эътидоли баҳорӣ дар саросари дунё  Рӯзи байналмилалии Замин таҷлил карда мешавад.

Мақсад аз эълон намудани  Рӯзи байналмилалии Замин ҷалб намудани таваҷҷуҳи сайёра ба тозаю озода нигоҳ доштан ва ҳифзи он мебошад. Рӯзи Замин аҳамияти фалсафӣ, тарбиявӣ, башардӯстӣ ва экологӣ дорад. Дар ин рӯз дар аксар кишварҳои дунё ташаббус ва иқдомҳои наҷиб оид ба ҳифзи табиат, ёдгориҳои табиӣ, гуногунии биологӣ ва экосистемаҳои табиӣ зоҳир карда мешаванд. Таҷлили Рӯзи Замин тадбири бузурги байналмилалӣ буда, таваҷҷуҳи аҳли сокинони сайёраро ба он равона месозад, ки ҳар як сокини сайёра вазифадор аст нисбат ба он  ғамхорӣ намояд ва ҳар як гӯшаи ин сайёраро барои наслҳои оянда тозаю озода ба мерос гузорад.

21 март интихоб гардидани Рӯзи байналмилалии Замин ба баробар шудани шабу рӯз дар ин рӯз марбут аст. Табиист, ки Рӯзи Замин ба ҷашни аҷдодии мо- Наврӯзи хуҷастапай, ки ҷашни баналмилалӣ эълон гардидааст, рост меояд. Рӯзи Замин ва ҷашни байналмилалии Наврӯз заминаҳои воқеии табиӣ доранд. Маълум аст, ки зимни баробар шудани шабу рӯз ва дар бурҷи Ҳамал қарор гирифтани сайёраи Замин дар ҳаёти сайёраи мо ва табиати зиндаи он як марҳила ба итмом расида, марҳилаи нав оғоз меёбад. Ин давра ҳамчун давраи эҳёи табиат арзёбӣ карда мешавад.

Зикр намудан зарур аст, ки аксар экосистемаҳои табиии сайёраи мо ба таъсири номатлуби инсон ниҳоят ҳассос ва осебпазир мебошанд ва танҳо паст намудани шиддати таъсироти антропогенӣ метавонад онҳоро наҷот бахшад.

Имрӯз аксар экосистемаҳои табиии сайёраи мо ба таъсири номатлуби инсон ниҳоят ҳассос ва осебпазир мебошанд ва танҳо паст намудани шиддати таъсироти антропогенӣ метавонад онҳоро наҷот бахшад. Дар ин давра ҳама мавҷудоти зиндаи кураи Замин тағийроти куллии биологиро аз сар мегузаронанд. Организмҳое, ки неруи худро вобаста ба вақту замон аз даст додаанд ва қобилияти дар марҳилаи нав ҳаёт ба сар бурдан надоранд, аз байн мераванд. Дар мавҷудоти дигари зинда ҷараёни нави биологӣ пайдо мешавад ва бо неруи тозаи ҳаёт идома меёбад.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи байналмилалии Замин  соли 1971 аз ҷониби Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид расман эълон шуд. Тибқи анъана дар ин рӯз «Зангулаи сулҳ» садо медиҳад. То имрӯз дар бисёр аз кишварҳо Рӯзи Заминро 22 апрел ҷашн мегирифтанд. Имрӯз ҳам дар баъзе аз кишварҳо, ба мисли ИМА онро мисли пештара дар моҳи апрел ҷашн гирифта, ба анъанаи ниҳолшинонӣ алоқаманд мекунанд. Ташаббуси нахустин оид ба таҷлили Рӯзи Замин ҳанӯз соли 1840 аз тарафи ходими ҷамъиятии амрикоӣ Ҷон Мортон пешниҳод гардида,  маъракаи шинонидани ниҳолу буттаҳо бо фарорасии фасли баҳор ва барномаи муносибати оқилона ба муҳити зист аз ҷониби ӯ таҳия гардида буд.

Март 21, 2020 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд