ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. 16 нуқтаи хатна, 6 ҳуҷраи таваллуд, 8 толори кошонаи ҳусн ва 14 сартарошхона — пешниҳоди аҳолии деҳаҳои дурдасти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гардид
ДУШАНБЕ, 22.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаҳои ҷамоатҳои дурдасти ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, чун Чашмасор, Дадобой Холматов ва Исмоил аз рӯи дархост ва эҳтиёҷот 16 адад нуқтаҳои хатна, 6 адад ҳуҷраи таваллуд, 8 адад толори кошонаи ҳусн ва 14 сартарошхона мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ҳадаф аз бунёди ин муасисаҳои тандурустиву хизматрасонӣ — боз ҳам обод кардани деҳаву маҳали аҳолинишини шаҳраку ҷамоатҳои ноҳия, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаи тандурустӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва оҷилан расонидании ёрии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин дастрасии саривақтӣ ба хизматрасонии иншооти иҷтимоӣ мебошад.
Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд Абдуаҳад Шарифзода бо истинод ба маълумоти масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, то соли 2021 бунёду навсозии беш аз 1300 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ дар назар буда, то имрӯз иншооти зиёд сохта шудаанд.
Масъулини ноҳия азм доранд то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо дарназардошти эҳтиёҷоти аҳолӣ дар ҳар як ҷамоату маҳалли аҳолинишин ва деҳаҳо бунёди коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, китобхона, бунгоҳҳои тиббӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва дигар иншооти муҳими аввалиндараҷаи иҷтимоиро роҳандозӣ намоянд.










Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд






