АИ «Кабар»: Намояндагони КМИ Қирғизистон ба ҳайси мушоҳидони байналмилалӣ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ширкат варзиданд
ДУШАНБЕ, 02.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 1 март намояндагони Комиссияи марказии интихоботи (КМИ) Қирғизистон ба ҳайси мушоҳидони байналмилалӣ дар ҳайати миссияҳои ИДМ ва СҲШ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии иттилоотии давлатии Қирғизистон «Кабар» хабар медиҳад.
Ба ҳайси мушоҳидони байналмилалӣ аз Қирғизистон вакилони Жогорку Кенеш, кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон низ ширкат варзиданд.
Дар доираи мушоҳидаи маъракаи интихобот 29 феврал мушоҳидони қирғиз бо раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР ҶТ) мулоқот намуда, инчунин бо кори комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихоботӣ (КУИ) шинос шуданд.
1 марти соли 2020 намояндагони Қирғизистон ҷараёни овоздиҳиро дар шаҳрҳои гуногуни Тоҷикистон назорат карданд, аз ҷумла онҳо дар кушодашавии участкаҳои интихоботӣ, бақайдгирии интихобкунандагон ва нозирони маҳаллӣ, додани бюллетенҳо ва тартиби овоздиҳӣ, пӯшидашавии участкаҳо ва ҳисоби овозҳо дар участкаҳои интихоботӣ иштирок доштанд. Дар участкаҳои интихоботие, ки намояндагони Қирғизистон аз онҳо дидан намуданд, овоздиҳӣ дар фазои ором гузашт.
2 марти соли 2020 нишасти ҷамъбастии Миссияи мушоҳидони ИДМ баргузор мегардад, ки дар он муовини раиси КМИ Қирғизистон А. Эшимов иштирок менамояд.
Барои маълумот: Омодагӣ ва баргузории интихоботро КМИР ҶТ, 41 ҳавза ва 3450 КУИ, аз ҷумла 39 адад дар хориҷ аз Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
Мутобиқи Қонун «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аъзои КМИР бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар ҳайати 7 нафар ба муҳлати 7 сол интихоб карда мешаванд. Шаҳрвандоне, ки дар ин ё он ҳизби сиёсӣ шомиланд, аъзои КМИР ҶТ интихоб шуда наметавонанд. Ҳайати кунунии КМИР 25 октябри соли 2019 ташкил карда шуд.
Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, аз 63 вакили Маҷлиси намояндагон 41 нафар дар ҳавзаҳои якмандатӣ ва 22 нафар дар ҳавзаҳои ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз рӯи рӯйхатҳои ҳизбҳои сиёсӣ интихоб мегарданд.









Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






