Ҳамкории соҳибкорони Тоҷикистону Россия густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 20.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду созишномаи ҳамкорӣ бо Фонди дастгирии рушди сармояи венчурӣ барои субектҳои соҳибкории хурду миёна дар соҳаи илмӣ-техникӣ ва ҶДММ «Центр деловых коммуникации»-и вилояти Твери Федератсияи Россия баста шуд.
Ин иттилоъ зимни мулоқоти соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Твери Федератсияи Россия, ки 19 март дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, дода шуд.
Тавре мухбири АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, вохӯрии мазкур бо мақсади рушди ҳамкории дуҷониба доир гардида, дар он намояндагони ширкатҳои саноатии Тоҷикистон ва вилояти Твер иштирок намуданд.
Вохӯрии мазкур бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати вилояти Твери Федератсияи Россия ва дастгирии намояндагии тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ҳадафаш дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ барои дарёфти шарикони ҳамкори хориҷӣ, ворид шудан ба бозори ҷаҳонӣ ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд байни соҳибкорони Тоҷикистон ва вилояти Твери Федератсияи Россия мебошад.
Ҳайати намояндагони доираҳои соҳибкории вилояти Тверро намояндаи Маркази ҳамоҳангсозии дастгирии субъектҳои содиркунандаи соҳибкорони хурду миёнаи вилояти Твер Татяна Потетенко роҳбарӣ намуда, ба он намояндагони ҳафт ширкат, аз ҷумла «ВЕГА», «ВЕРТЯЗИН», «СИ продукт» ва Иттифоқи саноати ҷангал ва содироти маҳсулоти ҷангали вилояти Твери ФР, ки соҳаи истеҳсоли чӯбу тахта, барқарор намудани ҷангал, мизу курсӣ ва мебелу таҷҳизоти тахтагин барои хона ва ороишоти меҳмонхона, таҷҳизот барои саноати парандапарварӣ, қисмҳои эҳтиётии мошинро дар бар мегирад, шомил буданд. Дар доираи ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Твери Россия раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Коренков мулоқот намуда, доир ба имконияту иқтидори саноатӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Дар кори Бизнес-форум зиёда аз 25 ширкати Тоҷикистон иштирок намуданд. Намояндагони доираҳои соҳибкории вилояти Твери Федератсияи Россия мулоқоти судманд анҷом дода, масъалаҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ карданд. Инчунин доираҳои соҳибкории вилояти Твери Федератсияи Россия аз корхонаҳои саноатӣ ва ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон боздид намуда, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуданд.








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд






