Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ чорабиниҳои байналмилалиро бо сабаби ҳамагирии коронавирус мавқуф мегузорад

Март 27, 2020 14:40

ДУШАНБЕ, 27.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ чорабиниҳои байналмилалии дар моҳи апрел ба нақшагирифташуда, аз ҷумла, машварати Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳо –аъзои ИДМ, 51-умин машварати умумӣ ва тантанавии АБД бахшида ба 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро мавқуф мегузорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ хабар доданд.

Ин қарор бинобар вазъияти номуътадили сироятӣ ва манъ шудани сафарҳо бо қарори ҳукумати кишварҳо, ҳамчунин бо дарназардошти тавсияҳои СММ ва СУТ қабул шудааст, зикр намуданд дар Ассамблеяи ИДМ.

Дар хабар ҳамчунин омадааст, ки чорабиниҳои байналмилалӣ дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар сурати бартараф гардидани хавфи сирояти коронавирус дар кишварҳои иттиҳод боз аз нав шурӯъ мегарданд.

Хотирнишон месозем, ки қаблан бо сабаби авҷ гирифтани коронавирус Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо иҷлосияи баҳориро, ки 20-24 апрели соли 2020 ба нақша гирифта шуда буд, мавқуф гузошт.

Дар акс: Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иҷлосияи баҳориро бо сабаби коронавирус бекор кард. Акс аз сомонаи АБД ИДМ.

Март 27, 2020 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид