Аз болои дарёи Ғунд пули сеюми мошингузар сохта мешавад
ХОРУҒ, 17.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати «ТЕМЕЛСУ»-и давлати Туркия дар маҳаллаи ба номи Сайфулло Абдуллоеви шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пули нави мошингузар бунёд мекунанд, ки он ду қисмати шаҳрро бо ҳам пайваст мекунад.
Сардори Идораи сохтмон ва нигоҳдории роҳҳои мошингарди вилоят Гулаёз Рамазонов гуфт, ки “чанд соли охир бо сабаби афзоиши бесобиқаи шумораи нақлиёт дар роҳҳои мошингузари шаҳр танбашавии зиёд ба назар мерасад. Чунин вазъ бештар дар назди бозори марказӣ ва бозори «20-солагии Истиқлолияти давлатӣ» сурат мегирад. Ин ду бозор дар шафати ҳам ҷойгир буда, аз канорашон ҳамарӯза аз 400 то 500 адад мошинҳо мегузаранд. Таваққуф кардани як мошин сабаби аз ҳаракат бозмондани садҳо мошин мегардад. Ҳамчунин рафтумоди зиёди мошинҳои мусофирбару боркаш метавонад ду пули мошингузари шаҳрро хароб гардонад. Бо бунёд гардидани пули нав мошинҳои боркаш минбаъд аз канори роҳи марказӣ убур хоҳанд кард. Дар натиҷа ду пули мавҷудаи шаҳр аз сарбории зиёд раҳоӣ ёфта, мошинҳои мусофирбар баъд аз ин озодона дар роҳи марказӣ ҳаракат хоҳанд кард”.
Ширкати туркии «ТЕМЕЛСУ» яке аз ширкатҳои бонуфуз дар соҳаи роҳсозӣ ба шумор рафта, дар бунёди роҳи байнамилалии қитъаи Кӯлоб- Қалъаихум нақши муассир дорад. Ин ширкат ҳамчунин сохтмони қитъаи роҳи мошингарди деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнонро, ки бар сари сел комилан аз байн рафта буд, ба уҳда гирифтааст.
Ба гуфтаи сардори Идораи сохтмон ва нигоҳдории роҳҳои мошингарди вилоят, соли равон дар вилоят сохтмони боз 18 пули мошингузар ба нақша гирифта шудааст.








Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд






